ИЗҲОРОТИ устодон кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ ба сокинони кишвар вобаста ба муроҷиатномаи МИҲД-и ш.Хоруғ оид ба лату кӯб шудани сардори раёсати маорифи ВМКБ аз ҷониби афроди ҷиноятпеша

Мо устодони кафедра зимни изҳороти қаблиамон вобаста ба кирдори ноҷавонмардонаи саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноии Хоруғи Боло Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, ки дар санаи 26.01.2022 дар утоқи кории сардори раёсати маорифи ВМКБ Лутфулло Наврӯзов ворид шуда, таҳқиру лату кӯб намудааст, шадидан маҳкум намуда будем. Акнун аз рӯзномаи Азия-Плюс ва тариқи шабакаҳои ичтимоӣ фаҳмидем, ки афроди ҷиноятпеша М. Муҳаммадбоқиров ба кирдорҳои худ мункир шуда, ҳамаи гуфтаҳои Л. Наврӯзовро бӯҳтон гуфтааст. Ин чӣ қадар бешармист, ки рӯирост дар рӯзи равшан гапи дурӯғ мезанад.
Дар муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оид ба амалҳои гурӯҳҳои муташаккилии ҷиноятпеша аз санаи 9.02.2022 сабаби асосии маркази бетартибиҳо гардидани шаҳри Хоруғро дуруст маънидод намудаанд. Яъне сабаби асосӣ ин бетарафии аксари мардум ба кирдорҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои ҷиноятпеша мебошад. Дар урфият мегӯянд ки бетерафӣ ин бешарафӣ аст. Масалан маҳз бетарафии аксарияти мардуми кишвари Афғонистон сабаб шуд, ки ҷанги шаҳрвандӣ зиёда аз 40 сол боз давом дорад. Террористони толибӣ ба осонӣ тамоми кишварро соҳибӣ намуда, нисбати занони таҳсилкунанда, муаллимаҳо, нафарони гӯшкунандаи мусиқӣ, хулоса онҳое, ки ба ақидаи онҳо ба қоидаҳои шариат номувофиқанд азобу шиканҷа ҷорӣ намудаанд. Ҳаёти инсонӣ ягон қадру қимат надорад. Дар зимистони хунук маҷбуран сокинони тоҷику ӯзбекро ба кони тилло бароварда, кор мефармоянд. Ҳаққи меҳнати онҳо фақат хӯроки ночиз мебошад. Монанди ҳамин гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар Бадахшон дар давоми 30 соли охир реша давонида, ба тамоми фаъолияти кормандони давлатӣ, депутатҳо дахолат мекунанд.
Воқеаҳои моҳҳои охири шаҳри Хоруғ моро водор месозад, ки масъулияти баланд ва мавқеи устуворро касб намуда, барои ояндаи шаҳри Хоруғ ва Бадахшониҳо бетараф ва тамошобин набошем. Аз чунин ҳодисаи нангин мо устодони кафедра хеле ғамгин шуда, зимни изҳороти хеш пешниҳод менамоем:
– мо аз мақомоти дахлдори кишварамон хоҳиш мекунем, ки гурӯҳи Маҳмадбоқир танҳо нест ва бо дастгирии ҳамдигар аз ҷинояткорӣ наметарсанд ва онҳо бояд мувофиқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;
– ба мардуми Бадахшон мерасонем, ки нисбати ҷинояткорӣ ва қонунвайронкунӣ бетараф набошанд, мисли Наврӯзов Лутфулло нотарсона баромад намоянд;
– танҳо бо роҳи дастаҷамъона мубориза бурдани аҳолӣ, зиёиён, мансабдорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба беадолатӣ, қонуншиканӣ хотима бахшидан мумкин аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *