ОРЗУҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД

Тибқи нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар кохи фарҳанги ноҳияи Ашт бо ширкати беш аз ҳазор нафар хатмкунандагони ноҳия мулоқоти озоду шаффофи роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят баргузор гардид.
Чорабиниро раиси ноҳия Зариф Мирдадо оғоз бахшида, қайд кард, ки соли равон 2285 нафар хонандагон  муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм менамоянд, ки бештаринашон меҳоҳанд дар оянда соҳибкасб гардида, ба меҳани азиз хизмат намоянд. Сол аз сол зиёд шудани теъдоди донишҷӯён аз ҳисоби ҷавонони фаъоли ноҳия далолат бар он медиҳанд, ки сатҳи таълиму тарбия боло равад.
Дар суханронии мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и вилоят Олимҷон Мирмуҳаммедов  таъкид гардид, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати кишвар сол то сол эътибор ба ҷавонон бештар гардида истодааст. Эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон барои фатҳи қуллаҳои илму дониш роҳеро бузургеро барои ин қишри созанда боз намуд.
Сипас, намояндагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсуси кишвар  Фозил Мухторзода, ректори ДКМТ, Саидӣ Дилафрӯз Раббизода, директори ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд, Муҳиддин Сабуров, сардори Раёсати таълимии ДДХ, Аминҷон Амонов, раиси иттифоқи касабаи ДДҲБСТ, Ҳомидҷон Ҳошимов, муовини директор оид ба таълими ДИС ДТТ, Илҳом Комилов, директори коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Манучеҳра Кенҷазода, директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд, Санам Аминҷонова, муовини директори коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд бо ролику слайдҳо муассисаҳои худро муаррифӣ намуданд.
Хатмкунандагони ноҳия вобаста ба ҷоришавии эссе дар Маркази миллии тестӣ, имконияти дохилшавӣ тариқи квота, шароити хобгоҳҳо, имтиёзҳо ба хатмкунандагони эҷодкору навовар суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби хонандагони ҳунарманди ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.

Нуъмон Раҷабзода

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *