ТЕРРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАҲДИДЕ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ – терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар аксарияти қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ бебунёд сурат мегиранд. Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна дар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва ташвиқи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд. Бояд қайд кард,ки гурӯҳу созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ талаботи нерӯи ҷӯшандаи ҷавононро ба роҳҳои харобиовар, аз ҷумла ба ҷанг ҷалб мекунанд. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман ва ҳоло бошад, фаъолаташ дар Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна ва Аврупо дида мешавад, метавон хотиррасон кард. Бояд ёдовар шуд,ки солҳои қаблӣ амиқтараш аз замони зуҳури ДИИШ дар соли 2014 зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданд ва ё дар он ҷо оила сохта, ба ҷангҷӯёни террористӣ ҳамроҳ шуда буданд. Бо ибтикороти роҳбарнияти олии кишвар дар панҷ соли гузашта зиёда аз сесад зану кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқу Сурия баргардонида шуданд. Дар соли ҷорӣ бошад 47-нафар, аз ҷумла 15 зан, 17 духтар ва 15 писар аз урдугоҳҳои “Рож” ва “Ал-Ҳавл”-и Сурия ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Гузашта аз ин, аъзоёни фаъоли ДИИШ имрузҳо бо ҳар роҳу васила аз ҳисоби зодагону шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони мо низ бо роҳи фиреб ҷалб намуда, барои амалиётҳо истифода мебаранд. Барои тасдиқи ии гуфтаҳо якчанд мисол меорем, ки санаи 28 январи соли равон ҳангоми намози пешин дар калисои итолиёвии католикии Марияи Муқаддас, маҳаллаи Сариери шаҳри Истанбул ду нафари ниқобпӯш ворид шуда, аз болои намозгузорон тир кушоданд. Аз миёни ибодаткунандагони колисои мазкур беш аз 50 нафар буданд,чанд тан тир хӯрда, як нафар ба ҳалокат расид. Мувофиқи маълумоти вазири корҳои дохилии Туркия ду гумонбаршавандаи асосӣ дастгир карда шуданд, ки яке шаҳрванди кишварамон дигаре аз Русия мебошад. Бояд қайд кард,ки созмони террористии “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамла ба калисои мазкурро ба дӯш гирифтааст. Мисоли дигар, санаи 8 апрели соли ҷорӣ як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро дар Италия ба гумони ҷангҷӯйӣ ва узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”дастгир кардаанд. Тибқи иттилои пулиси Италия дастгиршуда даҳ сол пеш ба ҷанг дар Сурия рафта, узви фаъоли ДИИШ будааст ва баъди ворид шудан аз Эйндҳовени Ҳолланд дар фурудгоҳи Фюмичинои Рум дастгир шудааст.
Хулоса, ҳодисаҳои зикршуда бори дигар собит менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Мо дар андешаҳои қаблиамон иброз дошта будем, боз такроран иброз медорем,ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ва ватандӯсту меҳанпараст лозим аст, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошанд. Пеш аз ҳама, дар ин кор саҳми волидайн бояд назаррас бошад. Агар падару модар доимо аз аҳволи фарзанди хеш бохабар бошаду ӯро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоянд, чунин фарзанд ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад. Баробари ин, аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд. Мо кулли омӯзгорон ва падару модарон дар њамкорӣ бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофатбори ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *