Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистону ҷаҳон

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус – 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 – уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад. Чин мутахассисонашро ба Эрону Ироқ ва Италия фиристодааст. Аммо дар хориҷ аз Чин теъдоди гирифторон ҳамоно дар афзоиш аст. Вирус то Осиёи марказӣ низ расид.

Дар қаламрави шаҳри Маскав дасти кам 70 нуқтаи эмгузаронӣ таъсис дода шудааст, ки хоҳишмандон метавонанд омада алайҳи маризии коронавирус эм гиранд.

Аммо қаблан бояд тариқи сомонаи mos.ru номнавис шаванд ва ҳатман дар заминаи поликлиникаи шаҳрӣ қарор дошта бошанд. Гуфта мешавад, дар мадҳи аввал бояд кормандони маорифу тиб, хадамоти иҷтимоии шаҳр аз ин вирус ваксина гиранд. Эмгузаронӣ одамони аз синни 18 то 60 – соларо дар бар мегирад. Одамони синну соли мазкур набояд бемориҳои музмин дошта бошанд. Гузашта аз ин, ба занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони ширмак доранд, эмгузаронӣ манъ карда шудааст.

Имрӯз тасмим гирифтаем якчанд маълумоте дар бораи Коронавирус 2019-nCoV ва роҳҳои аз ин  сироят пешгириро бароятон пешкаш кунем.

Коронавирус 2019-nCoV мансуби оилаи Коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Айни ҳол ин вирус барангезандаи эпидемия дар якчанд шаҳрҳои Чин мебошад. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ қайд шудааст ва якчанд ҳолати фавт низ ҷой дорад. Паҳншавии коронавирусро дар Фаронса, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дар якчанд давлатҳои дигар мушоҳида намуданд. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ин коронавирусро ҳатман донист.

РОҲҲОИ СИРОЯТЁБӢ:

  1. Иртибот бо шахси бемор;
  2. Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;
  3. Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;
  4. Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта;

АЛОМАТҲОИ БЕМОРӢ:

  1. Сулфаю атсаи зиёд;
  2. Баландшавии ҳарорати бадан;
  3. Нафастангӣ;
  4. Пневмония;
  5. Қайъкунӣ;
  6. Дарунравӣ;

ОРИЗАҲОИ БЕМОРӢ:

  1. Норасогии шушӣ;
  2. Норасогии кори гурдаҳо;

РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ:

  1. Қоидахои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хўрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.
  2. Пўшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромўш накунед!
  3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!
  4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!
  5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!
  6. Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!

Инак, чи хеле мушоҳида кардем, роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошанд. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардидааст. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба ҳама тавсия медиҳем.

 

 

дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ,

ДИС ДДТТ,

Манонова Р.А.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *