ПАЙМОНШИКАНОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ БО ШУҒЛИ ДУРӮҒБОФИЮ ИҒВОАНГЕЗӢ МАШҒУЛАНД!

Таҳлилу мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар васоити ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорон, таҳлилгарон, сиёсатмадорон хабару мақола, анешаҳояшонро иброз медоранд ва баробари ин, ҳизбу ҳаракату созмонҳои мамнуъ баромадҳои ифротӣ менамоянд.Чунончи, собиқ раҳбарияту ҳаммаслакони ҲНИ, ки ҳоло бо паймони худсохтаашон-“Паймони миллӣ” тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш дар сомонаи “Ислоҳ.нет” дар барномаҳои “Минбари муҳоҷир”, “Дурахши ҳақ” ва “Ҳақ ва ботил” бо навбат ҷилвасозӣ намуда, мисли пештара ба суханпардозиву дурӯғбофӣ, иғвоангезӣ намуда, пешгуӣ, яъне дар фолбинӣ машғуланду дигар шуғле надоранд. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки бадхоҳони давлату миллат зимни баромадҳои ифротиашон мехоҳанд мардуми мушкилнописади соҳибистиқлоламонро бар зидди Ҳукумати кишвар бархезонад. Онҳо асосан доир ба масъалаи сатҳи зиндагии мардум, масоили барқ сухан ронда, бо ин васила тамоми дастовардҳои беш аз 32 соли Истиқлолро нодида мегиранд. Роҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони “Паймони милли..”, алалхусус яке аъзои фаъол Муҳаммадиқболи Садриддин бо шогирдонаш, аз ҷумла Восиев Абдухалил ва Сулаймону Ҳусейн Ашӯров оид ба масоили сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ хеле дуранд ва умуман сарфаҳм намераванд ва ҳарчӣ ба даҳонаш ояд сафсатагӯӣ менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки тамоми давлатҳои дунё, ҳатто давлатҳои пешрафта ҳам камбудӣ доранд. Вале, бо танҳо камбудиро дар хориҷ гуфтан, одамонро ба гирдиҳамоӣ ва инқилоб даъват намудан ва байни мардум иғво ангезондан камбудиҳо ҳал намегарданд. Боварӣ дорем, ки бо дарки дурусти масъалаи зикршуда ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бетарафиро интихоб накарда, ёру дӯстон, хешу ақрабо ва ҳамватанонро аз макру ҳила ва суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезӣ гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳо огоҳ месозанд. Фаромӯш набояд кард, ки аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имруза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Хулоса, вобаста ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиби хешро гузошта, тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.

Ҷ.ҶӮРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *