Ҷаҳони имрўза хеле мураккаб аст ва дар раванди рўзгори ҳаррўза садҳо воқеаву ҳодисаҳои мудҳиш рух медиҳад. Яъне, инсон бо дасти худ корҳоеро ба анҷом мерасонад, ки ҳазорон тан аз ҳамҷинсон ранҷ мекашанд. Пеш аз ҳама, ин авҷ гирифтани ду кирдори номатлуб – ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Созмонҳои муайяне мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Масалан. имрӯзҳо аъзоёни ташкилоти терористи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё номи “Давлати исломӣ”, Ал –Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ арзи вуҷуд доранд,ки ба таври ошкору пинҳонӣ, бештар дар қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ маскан гирифтаанд. Тибқи маълумоти вазири мудофиаи Руссия дар як соли охир ДИИШ нерӯи ҷангҷӯёни худро 15 дарсад афзоиш додааст, ки ҳадафи аслиаш ин паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ ва анҷом додани фаъолияти таҳрибкорӣ аст! Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки ба амал омадани таркишу террорҳои пайдарҳам натанҳо дар қаламрави Афгонистон, кишварҳои Африко ва ҳам акнун, яъне соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия дарак дод ва ин ҳодиса дар дигар кишварҳои осоиштаи ҷаҳон низ ба вуқӯъ омаданашон аз эҳтимол дур нест ва инро касе инкор карда наметавонад.
Хулоса, воқеаҳои давраҳои охир бо сабаби пайванди таърихӣ ва ҳам марзи тӯлонии байнидавлатӣ водор менамояд, ки нисбати қазияҳои ҷомеаи муосир бефарқ набошем. Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд. Бинобар ин, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.
Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ