Таҳлилҳо собит менамоянд, ки иддае ташкилоту созмонҳо аз дини поки ислом сўйи истифода намуда, аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки худ истифода мебаранд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд ва асосан ҷавононро ба худ ҷалб карда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ равона месозанд. Масалан роҳбарияту аъзоёни собиқ ҲНИ, ки алҳол бо паймони худсохта бо номи “Паймони милли..”тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш тариқи сомонаи “Ислоҳ.нет”дар барномаҳо бо номи “Минбари муҳоҷир”, “Ҳақ ва ботил” ва “Дурахши ҳақ”баромадҳои ифротӣ намуда, бо ин васила мехоҳанд нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд ва ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Аз тоифаи чунин хиёнатпешагон Муҳаммадиқболи Садриддин, думраваш ровии барномаҳои зикршуда Абудухалил Восиев, Ҳусейн Ашӯров ва яке шогирдаш бо номи Сулаймон ба ҳисоб мераванд, ки агар ҳар моҳе нисбати кишвари соҳибистиқлоламон туҳмату буҳтону ғайбат наяфкананд худро ором намегиранд. Ин тӯдаи бефарҳангон нисбати миллату давлат хиёнат мекунанд.
Тӯдаи хиёнаткори бефарҳанг – паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”кушиш дорад, ки чун созмони террористӣ бо номи “Давлати исломи” дар ҷаҳони ислом дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда, аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ баҳри амалӣ сохтани манофеи геополитикӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, ба мисоли солҳои навадуми асри гузашта,боз тағйир додани вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд ва имрӯз ин ҳолатро мо дар Афғонистон мебинем.
Хулосаи матлаб ин ки дар шароити кунунӣ равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд. Душманони дини мубини ислом барои коштани тухми нифоқу бадбинӣ, эҷоди ҳисси исломситезӣ, тафриқаи мазҳабӣ дар байни уммати мусулмон ва расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ, ки яке аз онҳо даст ёфтан ба боигариҳои фаровони кишварҳо мебошад, ифротгароии диниро бо ҳар роҳу восита пуштибонӣ ва маблағгузорӣ мекунанд. Омӯзиш ва таҳлили масъала нишон медиҳад, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Хулоса, дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.
Шаҳнозахон Абдулфайзова
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ