“ПАЙМОНИ МИЛЛӢ” ВА “ГУРУҲИ 24”- ИФРОТГАРИ ИРТИҶОЪПАРАСТ

Пушида нест, ки душманони миллати тоҷик дар якҷоягӣ бо хоҷагонашон аз хориҷа истода ба ҳар роҳу восита, кӯшиш доранд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Дар иртибот ба ин, метавон мисол овард, ки имрӯзҳо раҳбарияту ҳаммаслакони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гуруҳи 24” тавассути шабакаҳои интернетӣ дар барномаи ифротиашон сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, нодида гирифта, бо таври худ нодуруст арзёбӣ карда, иртиҷоъпарастӣ менамоянд.
Мо борҳо зимни мақолаҳои хеш нисбат ба баромадҳои яке аз узви фаъоли “Паймони миллӣ” Муҳаммадиқболи Садриддин ибрози ақида карда, онро шадидан маҳкум намуда будем. Имрӯз низ нисбат ба хоини миллат-М.Садриддин, ки санаи 1 октябри соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, таҳти №213 баромади ифротӣ намуд, анешаҳоямро иброз медорам. Ин бадҳоҳи миллат-М.Садриддин гоҳе худро “сиёсатшинос”-у гоҳе “уламои дин” шуморида, ин навбат оид ба ҳаводиси беасоси эътирози мухолифин, ки санаҳои 28- 30 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба вуқӯъ пайваста буд, бо раҳбарияту думраваш андешаи носолимашро баён карда, боз ғайбату тӯҳмат пеша кард ва иртиҷоъпарастӣ зоҳир намуд. Зимни баромадаш вобаста ба сафари навбатии Сарвари кишвар, муноқишаю лату кӯби байни шаҳрвандони кишвар дар қаҳвахона сухани беасос гуфта, бо хандаҳои писхандомез амали мухолифин, яъне эътирозчиёнро ҷонибдорӣ намуд ва пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик рехт. Дар рафти барномаи “Минбари муҳоҷир” раҳбарияту ҳамаслакони Паймони худсохтаи наҳзатӣ, аз ҷумла Мухиддин Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев ва як қатор думравонаш низ баромад намуда, амалҳои зишти эътирозчиёнро бо хурсандӣ истиқбол намуданд. Ин ифротгари иртиҷоъпарастон намедонанд, кӣ шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст! Умуман бадхоҳони миллат баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошанд. Имрўз тӯдаи ифротгари иртиҷоъпараст ба он ҳоле гирифтор гардиданд, ки ҳатто аз ин сарзамин аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ҳама хиёнаткорӣ ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд. Ҳамаи наворҳои дурӯғине, ки дар барномаҳои ифротии “Минбари муҳоҷир”, омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки Кабирию Муҳаммадиқбол ва думраваш, алалхусус раҳбарияту азоёни “Гуруҳи 24” ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд, аммо ин дер давом намекунад. Умуман, раҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва “Гуруҳи 24”- ифротгари иртиҷоъпараст ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Дар интиҳои андешаи хеш мо ҷавонон дар ҷомеаи муттамадини имрўза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд бар зидди амалҳои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм мубориза барем. Хулоса, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро бо сарбаландӣ иҷро намояд.

Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *