

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ ин навбат зимни изҳороти хеш нисбат ба тӯдаи хоинони миллат, аз ҷумла оид ба фаъолияти роҳбарияту ҳаммаслакони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” ибрози андеша менамоем.
Алҳол роҳбарияту ҳамммаслакони “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гуруҳи 24” дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагони хориҷӣ фаъолияти муғризонаашонро ба роҳ мондаанд. Бояд қайд кард, ки яке аз узви фаъоли худсохти наҳзатиҳо Мухаммадиқболи Садриддин мебошад, ки мунтазам тавассути шабакаи иҷтимоӣ дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”, алалхусус ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудa, дастовардҳои беназири кишварамонро нодида мегирад ва беасос нисбат ба фаъолияти раҳбарияти олии кишвар тӯҳмату ғайбат менамояд.
Мо кормандони шуъба зимни мақолаву изҳоротҳои хеш доир ба фаъолияти зиддидавлатии ин қабил бадхоҳону хоинони миллату давлат бо санаду далел ва мисолҳои зиёд навишта, шадидан маҳкум кардааем. Иловатан, вобаста ба баромади навбатии бадхоҳи дурӯяи бешараф – Муҳаммадиқболи Садридини андеша намуда, таъкидан қайд менамоем, ки ин бадманиши роҳгумзада, яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза мисли ҳаммаслаку раҳбарият ва аъзоёни наҳзатӣ ва думраваш дар таҳлука афтодааст. Боз такроран гуфтанием, ки ин бадманиши роҳгумзадагон барои иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар иғвою дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, гуфтан доранд. Масалан, санаи 1 октябри соли равон М.Садриддин дар барномаи ифротии «Минбари муҳоҷир» сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишварамонро нодуруст арзёбӣ намуда, баробари ин, суханрониҳои подарҳаво оид ба ҳаводиси санаҳои 28 ва 29 октябри соли равон, ки дар шаҳри Берлин рух додааст, этирозчиёнро ҷонибдорӣ намуд. Дар рафти барномаи ифроти раҳбараш Мухидин Кабирӣ ва думраваш Шарофиддин Гадоев низ баромад намуда, суханҳои Муҳаммадиқболро ҷонибдорӣ намуданд. Таблиғотгароии ин бадхоҳони миллат бори дигар дар ин масъала нишон дод, ки чашмонашонро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд. Ин бадқилиқони бадсириштон боз чун солҳои қаблӣ алайҳи Ватан ва миллати худ ғайбату иғвогарӣ мекунанд, дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳанд дод!
Дар интиҳои изҳороти хеш мо М.Садридини бадқилиқи бадманиш ва роҳбару думравашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои навбатии иғвоангезонаашро бори дигар маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари азизамон сухан гӯянд!