ХОИНОН ДАР АСЛ БАДТИНАТУ БАДМИЗОҶАНД!

Ҳамагон огаҳанд, ки раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” ва “Гуруҳи 24” бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанду имрӯзҳо асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳо, аз ҷумла бо номи “Минбари муҳоҷир”, “Ҳақ ва ботил” ва ”Садои мардум” баромадҳои ифротӣ менамоянд. Хоинони миллат- Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳрузи Тағойзода дар барномаҳои ифротиашон асосан зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дини мубини Ислом ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона мегардад. Ин гурӯҳакҳои бадтинату бадмизоҷ ва носолими беватан мисли тўтӣ дар ҳар баромадҳои ифротиашон такрор ба такрор оид ба масоили ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима табдил менамоянд. Бо ин васила гуруҳаки носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Нафратовар аст, ки бадхоҳони миллат дар рафти барномаи ифротиашон, бахусус Муҳаммадиқболу Беҳруз дар дунёи маҷозии интернет бо рафтору гуфторашон миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном менамоянд ва ин амалашон нобахшиданист. Ҳатто, бархе фаъолони мухолифин фаъолияти роҳабри гуруҳи бадтинату бадмизоҷ М.Кабирӣ ва наздиконашро сахту ошкоро маҳкум менамоянд. Масалан яке аз фаъолони мухолифин Д. Атовуллоев зимни яке аз баромадаш баён дошта буд, ки “… дасисаву фитнаҳои Кабирӣ дар Аврупо вазъияти ногувор ба вуҷуд овардааст: Тамоми кашмакашҳо, дасисаҳои пушти парда ва хусуматҳои мутақобил пас аз омадани Кабирӣ шурӯъ шуданд! Ин шумо ҳастед, ки Аврупоро мисли Файзобод на танҳо ба чарогоҳ, балки ба оғилхона табдил додаед!” Ҳамзамон илова мекунад: Ман ва тарафдоронам ҳаргиз бо ин мухолифин нахоҳем буд, чунки ин роҳ ба қарни гузашта аст! “
Хулоса, амалу андешаи нафароне мисли наҳзатиён барои мо ҳамон босмачӣ, хоин ва миллатфурӯш аст. Борҳо гуфта будем, боз гуфтанием, ки воқеан ин гуруҳи бадтинату бадмизоҷи хиёнаткор бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, пули гирифтаашро назди хоҷагонашон бо амали навбатиашон ҳисобарорӣ кунанд. Таъсиси «Паймони миллӣ» далели он аст, ки раҳбарияти паймон ҳизби худро ба осорхонаи таърих супориданд. Яъне ҲНИ ҳамчун ҳизби сиёсӣ мурда ва аз байн рафтааст ва “Паймони миллӣ” як навъ санги мазори ин ҳизб аст. Имрӯз ҷаҳониён моҳияти ин ҳизб, собиқаи ин ҳизб ва дидгоҳи ифротии ин ташкилоти террористиро медонанд. Воқеан наҳзатиён бо хиҷолат ин номро баргузидаанд.
Воқеан ғазабу суханҳои беасоси Муҳаммадиқболи Садриддин, Беҳрузи Тағойзода ва М.Кабирӣ ғарази зиёд, бахилӣ, чашми дидан надоштанашон ба роҳбарияти олии кишварро ифода мекунад. Мавлоно дар ин бора хеле бамаврид гуфтааст:

Гар надорӣ дониши таркиби ранг,
Байни гулҳо зишт ё зебо макун.
Хуб дидан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун.

Дар интиҳо бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии хоинони миллат – бадтинату бадмизоҷ бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхос мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад. Аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба муҳоҷирони меҳнатӣ, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи хоинони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол намегузорем, ки шахсони нохалафи ифротӣ- бадтинату бадмизоҷ, яъне бадсиришту тундхў ба амну суботи кишвари мо халал ворид намоянд.

Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *