Мо борҳо зимни мақолаҳои хеш нисбат ба фаъолияти муғризонаи раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ анешаҳоямонро иброз дошта будем, ки хиёнаткорони халқу ватан баҳри иҷрои супориши хоҷагонашон пайваста минбару мавқеъ ва ном иваз мекунанд. Масалан “Паймони милли…” худсохти ҲНИ аст! Калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, ки ба хонандаи закӣ аён аст ва он ҳоҷат ба баён нест!
Пӯшида нест, ки имрӯзҳо хоинони миллат- раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва ё “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гурӯҳи 24, ки алҳол бо пуштибонии ҳоҷагонашон дар кишварҳои Аврупо қарор доранд ва кӯшиш доранд бо ҳар баҳонаи ночиз кишвари моро ноором созанд, мардумро ба гумроҳӣ андозанд. Чунончи амали навбатии таҳрибкоронаи роҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи 24”, тасдиқи ин гуфтаҳост, ки санаи 28 сентябри соли равон дар ҳудуди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон, воқеъ дар шаҳри Берлин ба муносибати сафари Сарвари кишварамон ба Олмон барои озод намудани маҳбусони сиёсӣ намоиши эътирозӣ баргузор намуданд. Ин амали бадхоҳони миллат, чун солҳои қаблӣ як баҳонае мебошад, ки бо ин васила ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи кишвар ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ даст зада, мекӯшанд то ҳадафҳои нопоки хоҷагонашонро амалӣ созанд. Ин афроди ноҷавонмардони зархарид ва фурӯхташуда ва он гурӯҳҳои ифротгаро асосан ба хотири пӯшидани ҷиноятҳои содирнамудаашон, бо ибораи дигар худро “сафед” карда, “мусичаи бегуноҳ” нишон доданӣ ҳастанд. Воқеан, мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гурӯҳи 24”- тӯдаи бадхоҳони зархариди беватананд, ки чун тўтӣ дар ҳар баромадҳои ифротиашон такрор ба такрор асосан масъалаҳои зеринро ихтиёри худ кардаанд: Зиндониёни сиёсиро озод кунед. Фаъолияти азҳоби сиёсӣ ва гурӯҳи ҷунбишҳо озод бошад. Нодида гирифтани дастовардҳои кишвар ва нодуруст маънидод кардани сафарҳои роҳбарияти олии кишвар ва ҳоказо мебошанд. Тӯдаи бадхоҳони зархариди носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. Хулоса, мардуми тоҷик аз нияти бадхоҳон ва хоинони миллат огоҳ ҳастанд, ки онҳо ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст зада, барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум даст ба чунин зиштиву иғвоандозиву тӯҳмату тавҳин зада истодаанд. Ин нафарон амалкарди фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои амниятиро, ки ба хотири боз ҳам таъмини босуботи аҳолӣ ва нигоҳ доштани тартиботи дохилии кишвар чораҳои зарурӣ андешида истодаанд, зиддӣ мардум маънидод мекунанд, ки амали онҳо баёнгари хиёнаткории онҳо ба Ватан бо амри хоҷагони зархариди хориҷиашон аст. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик ва ҷавонони саодатманди мо бо такя ба дастгирии давлату ҳукумат ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар гуна андеша ва ақидаҳои ифротгароёнаи хоинони миллат дода нашуда, баҳри ободониву созандагӣ дар кишвари маҳбубамон ҷаҳду талош варзанд.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири бахши кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ