Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Шаанши Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд бо роҳбари директор Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. бо 5 донишгоҳҳои Чин равобити шарикии мустаҳкам пайдо намуд.
Яке аз онҳо, Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангали Янлин буда, ДИС ДДТТ бо донишгоҳи мазкур, дар доираи лоиҳаҳои гуногун таи 4 соли охир ҳамкорӣ намуда истодааст. Зимни ташриф ба факултаи муҳандисии донишгоҳи номбурда барои донишҷӯёни зинаи бакалавр дар бораи ДИС ДДТТ ва таҳсилоти олӣ, самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт, маҳз кишоварзӣ, фарҳанг ва туризм дар Тоҷикистон баромадҳо карда шуд.
Дар охир, суҳбати озод ва саволу ҷавоб бо донишҷӯёни ин Донишгоҳ баргузор гардид.