
Мо зимни изҳороти хеш борҳо оид ба хатари терроризму экстремизм ва баробари ин, вобаста ба хоинони миллат, аз ҷумла нисбат ба фаъолияти роҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ бо далелҳои раднашаванда амалҳои муғризонашон мисолҳои амиқ оварда, онро шадидан маҳкум намуда будем. Бояд қайд кард, ки раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ кӯшиш доранд, ба мисли қазияҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, бо фитнаангезиву дасисабозии навбатиашон зиндагии орому осудаи онро халалдор намуда, халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад. Бо ин мақсад раҳбарияти ТТЭ ҲНИ дар Аврупо бо дастгирии хоҷагонаш ташкилоти дигареро ба унвони “Паймони миллӣ..” таъсис додааст, ки барои ба даст овардани гранту кӯмакҳои хориҷӣ хеле осонтар мегардад. Бо ибораи дигар “Паймони худсохтаи наҳзат аст! Имрузҳо раҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ- Паймони миллӣ ва думраваш “Гуруҳи 24” бо бозиҳои сиёсии муғризона ва ҳангомабофиҳояшон лоиҳаҳоро таҳия намуда, соҳиби пулу мол мегарданд. Кӯмаку грантҳоро барои ҳар амал, аз ҷумла туҳмату буҳтон ва иғвову ангезаҳоеро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар ташкил ва баргузории ҳамоишҳои эътирозӣ масараф менамоянд. Умуман, ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва “Гуруҳи 24” бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, пули гирифтаашро назди хоҷагонашон бо амали навбатиашон ҳисобарорӣ менамоянд. Масалан, санаи 28 сентябри соли равон, беш аз 30 нафар ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи 24” дар назди бинои сафоратхонаи Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷамъ шуда, оид ба масоили озод намудани маҳбусони сиёсӣ ҳамоиши эътирозӣ доир намуданд. Эътирозгарони мардуд талаб доштанд, ки Сарвари кишварамон маҳбусони сиёсиро озод намоянд. Ин ба ягон қолиб рост намеояд. Хулоса, мо медонем, ин баҳонаи навбатии хоинони миллат аст, ки чун солҳои қаблӣ мехоҳанд бо ҳар баҳона кишвари моро ноором созанд, мардумро ба гумроҳӣ андозанд!
Ёдовар мешавем, ки 28 сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Федеративии Олмон” ба Ҷумҳурии Федеративии Олмон сафар карданд. Сарвари кишварамон зимни вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон”, Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карда, дар ҳошияи ин чорабиниҳо бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш, қайд менамоем, ки мо пас аз ҳамоиши эътирозии ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва “Гурӯҳи 24” ва умуман, аз баромадҳои ифротии бадхоҳони миллат ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама амалҳо кӣ меистодаасту, ин тоифаи камхираду ифроткор чӣ ҳадаферо дунболагирӣ мекардаанд. Бинобар ин, ҳамдиёрони азиз, биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин хоинони миллат муборизаи беамон барем ва нагузорем, ки ин бадхоҳони миллат Тоҷикистони биҳиштосоямонро ноором созанд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш, бо боварии комил метавон қайд кард, ки шуури тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар самти нигоҳ доштани арзишҳои Истиқлоли давлатӣ ба куллӣ пазируфтаанд. Бояд қайд кард, ки ҳар як фарди бедордили ҷомеаи имрӯза бояд ҳушёриву зиракиии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафту ободии сарзамини хеш камари ҳиммат бубандад. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки раҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллӣ” ва думраваш “Гурӯҳи 24” ҳамоиши эътирозӣ доир намоянд. Хулоса, имрӯз мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳо ва эътирозҳои баднишини хоинони миллат комилан бовар намекунанд ва умуман аз амалҳои нангинашон огоҳ шудаанд. Воқеан, таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.