ПАЙМОНИ ХУДСОХТИ НАҲЗАТ – ТӮДАИ ТАНГНАЗАРОНУ ВАТАНФУРЎШОН

Тавассути расонаҳои хабарӣ мо огаҳ ҳастем, ки фазои оламро пайваста таркишҳо фаро гирифта, дар Афғонистон амалҳои террористӣ рух медиҳанд.
Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имруз вазъият дар баъзе манотиқи курраи замин, аз ҷумла дар сектори Ғаззаи кишвари Фаластин ва давлати Исроил ба таври куллӣ тағйир ёфта, имрўзҳо таркишу ҷангу хунрезиҳо ба мушоҳида мерасанд. Имрузҳо дар кишвариҳои зикршуда мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кўчаву хиёбонҳои зебои шаҳру деҳот ғарқи хун гашта, фазои онро гиряи модарон ва ашки ятимон пур мекунад. Дар робита ба ин мавқеъгирӣ ва ҳадафҳои муғризонаи раёсат ва ҳаммаслакони паймони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Масалан, дар давоми санаҳои 11, 15 ва 22 октябри соли равон дар сомонаи ифротии “Илоҳ нет” асосан Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар пайравони “Паймони миллӣ”, ки аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ ва тафриқаандозӣ ба шумор мераванд, аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Ҳар як фарди солимақл аз рафтору гуфтори худсохти наҳзатиён бе душворӣ пай мебарад, ки он aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд. Ин тӯдаи тангназарону ватанфурўшон aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгарии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaд. Мо дар атрофи ҷангҳои иттилоотӣ андешаҳои хешро иброз намуда будем ва қайд кардан лозим аст, ки имрўз ифротгароии иттилоотӣ ба амнияти миллии кишвари мо таъсири манфӣ мерасонад ва мубориза бо он тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори милат Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакону пайравонаш нисбати кишварамон сухани зишт гӯянд. Воқеан имрўз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳият ва амалҳои пасипардагии паймони худсохти наҳзатӣ огаҳ гардида, дар муқобили чунин тӯдаи тангназарону ватанфурўшон, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд ва дар оянда низ хоҳанд бурд.

М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *