ПАЙМОНИ ХУДСОХТИ НАҲЗАТ – ИФРОТГАРИ ХАБИС

Пӯшида нест, ки солҳои охир паймони худсохти наҳзати ифротгари хабис бо номи “Паймони миллӣ” дар кишварҳои Аврупо бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд ва намехоҳанд мардуми Тоҷикистони биҳиштосо оромона зиндагӣ умр ба сар барад. Имрӯз ин ифротгари палид ва думраваш “Гурӯҳи 24” аз нияти хабиси худ нагаштаанд. Асосан мақсадашон ноором кардани кишвар ва дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз рафтору гуфтори гурӯҳу созмонҳои хабисӣ маълум аст, ки барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати моро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. Имруз ягона роҳ барои фаъолияти “Паймони миллӣ” ва “Гуруҳи 24“ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мемонад, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд ва тудаи фейкҳояшонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет парса мезананду гӯё «ҳақиқат»-ро ба мардуми кишвар мефаҳмонида бошанд. Ин афроди хабиси фирориву хоини ифротгар ангуштшуморанд, ки дар дунёи маҷозии интернет миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном мекунанд. Чунончи, яке аз дастпарварон ва пасмондаҳои ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин мубаллиғини иҷтимоии наҳзати наҳс мебошад, ки дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, бештар дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо раҳбарияту пайравони “Паймони миллӣ” бо навбат баромад намуда, кушиш доранд мардумро бори дигар ба ноамниву яъсу ноумедӣ раҳнамоӣ намоянд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки санаи 18 октябри соли равон М. Садриддин тавассути сомона ва барномаи дар болозикршуда бо ҳамроҳии М. Кабирӣ баромади ифротӣ доир намуд. Ин навбат низ ин афроди хабисӣ нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват пеша кардаанд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ аст, аммо бо шаклу намуди дигар. Зимни баромадаш Кабирӣ бо қаҳва нӯшидан худро Аврупоӣ намоиш дода, дар ҷаласаи навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) иштирок намуданаш, такаббур зоҳир намуд. Бояд ёдовар шуд, ки қаблан наҳзатиҳо бадном кардану ҳақир нишон додани кишвару миллати тоҷикро тариқи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, монанди САҲА ба роҳ монда буданд. Онҳо туҳмату буҳтон ва дурӯғу дасисаҳояшонро мехоҳанд, ба гунае тариқи ин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ расмӣ намоянд. Баробари ин, таъкидан қайд менамоем, ки САҲА танҳо барои ҳимояи хифзи ҳуқуқу бехатарии шаҳрвандон, алалхусус амнияти кишвар мебошад на ин ки барои ҳимояи гуруҳҳои терористию ифротгароӣ. Хулоса наҳзатиҳо бо ин рафторашон муддаиянд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо онҳо ҳамчун созмон, ҳизб ва ташкилот дар ин нишасти солонаи САҲА сари як миз ба музокира бинишинад, аммо ин тахаюли хоми наҳзатиҳост.
Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки наҳзатиҳо ё паймониҳо ё ҳар чизе, ки набошанд ва чӣ номеро, ки ба худ нагирифта бошанд, дигар дар рақобати сиёсӣ ҷойгоҳ ва мавқеъ надоранд ва ҳамчун ташкилот шинохта ҳам намешаванд. Умуман бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида ба хулоса омада, қайд менамоем, ки воқеан таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори раҳбару пайравони худсохти наҳзатӣ-“Паймони миллӣ” ва хоҷагони онҳо дуруст андеша кунем. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткорони миллат ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони “Паймони миллӣ”дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва минбарҳои ташкилоти байналмилалӣ нисбат ба роҳбарияту кормандони кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем.

М. ҶӮРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *