ЧЕҲРАИ МАНФУРИ РУБОҲИ МАККОР АЁН ГАРДИД!

Тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки имрӯзҳо роҳбарияту пайравони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, нисбати давлату миллат бештар бадгумонӣ карда, тухми кинаву адоватро мекоранд. Инчунин, вақтҳои охир аз ҷониби афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта, бештар интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд М.Садриддин дар аксари баромадҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун “уламои дин” муаррифӣ карда, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаргуна наворҳои сохтаро пахш мекунад, ки ин ҳама бар хилофи мардуми тоҷик буда сар то дурӯғу сафсата мебошанд. Хулоса, амалҳои раҳбарияту пайравони наҳзатии беватан, ки онҳоро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартоянд. Онҳо ба ин васила андешаи манфури худро баён мекунанд. Агар ҳар фард аз гуфтору рафтор ва симои бадхоҳони миллат, аз ҷумла Муҳаммадиқболро бо чашми хираду ақли ҳақиқатбинона нигоҳу таҳлил намояд, бешубҳа онҳо амиқан мисли рӯбоҳи маккоранд. Ба гузаштаи на чандон дури М.Садриддин назар андозем, дарҳол сурату сирати аслии ин махлуқ маълумамон мешавад. Намедонам хонандаи закӣ чӣ андеша доред, вале барои ман сухани шахсе, ки бо волидайнаш муносибати одамӣ надорад ва ҳатто бо падари худ ҷангиву қаҳрӣ буд, пуч асту хом. Ана ҳамин М. Садриддин аст, ки имрӯз аз худ мусалмони рақами №1 тарошида, худашро ҳомиву пуштибони дини мубини Ислом ва озодандешу мубориз мешуморад. Тибқи далелҳои мавҷуда ва ахбори сомонаҳои иҷтимоӣ падари Муҳаммадиқбол – Қаландар Садриддинзода, ки яке аз поягузорони Ҳизби наҳзати ислом буд ва ячейкаи онро дар вилояти Хатлон роҳбарӣ мекард, моҳи марти соли 2019, дар Лаҳистон (Полша) аз дунё гузашт. Муҳаммадиқбол ин вақт дар Олмон бо визаи шенген зиндагӣ мекард ва ҳуқуқи роҳат ба тамоми кишварҳои Аврупо сафар карданро дошт. Аммо ба ҷанозаи падараш наомад ва сабабаш бо падари худ дар қаҳру ҷанг қарор доштанаш буд! Пас, ба суханҳои ҳамин гуна афрод чӣ гуна метавон бовар кард?! Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо шинохти чеҳраи манфури М.Садриддин барои дур нигоҳ доштани аҳлу аёли хеш, бахусус ҷавонон аз ин рубоҳи маккор кӯшиш ба харҷ дода, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

М. ҶӮРАЕВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *