ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТӢ

Баъди ғайриқонунӣ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИ) пайравону ҷонибдорону аъзоёни ин ҳизб имрўз дар Аврупо қарор дошта, номи ҳизби ифротиро ба “Паймони миллӣ…”(ПМ) табдил дода, имрўз бо ҳар роҳ мехоҳанд мавқеи аз даст рафтаи худро пайдо намоянд. Мо калимаи Тоҷикистон-ро илова накардем, зарур намешуморем! Воқеан бо иваз кардани номи ҳизб дар дигар шакл аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои ифротии пешина ҳастанд ва ҳамагон онро бо абберватураи ТТЭ ҲНИ – ПМ мешиносанд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар шӯрои ҷаласаи дуюми ПМ масоили сохторӣ созмони мазкур бахшида шуда буд, ки тибқи қарори қабулшудааш ҳайати он танҳо афроди ҷинояткору хоин, худхоҳу ҷоҳталаб, гурезаву фирорӣ мебошанд. Ба ин рӯйхати гурӯҳи ифротӣ асосан иғвогарону худфурухтагони берӯй шомил ҳастанд, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, Шерзамонов Алим, Равшан Темуриён, Темур Варқӣ, Гадоев Шарофиддин ва ғайраҳо.

Бояд қайд кард, ки вақтҳои охир ТТЭ ҲНИ – ПМ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш, бахусус Муҳаммадиқболи Саддриддин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, ҳаргуна наворҳои сохтаро пахш мекунад, ки ин ҳама бар хилофи мардуми тоҷик буда, сар то дурӯғу сафсата мебошанд ва бо ин васила бегуноҳии худро дар назди ҷомеаи имрўза исбот кардан кўшиш доранд. Вале душманони миллат дар хотир дошта бошанд, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид.

Баробари инқайд кардан зарур аст, ки имрўз беш аз дирўза зиракӣ ва ҳушёрии худро аз даст надода талош намоем, ки баҳри устувории Ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар саҳмгузор бошем. Метавон қайд кард, ки ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр намуда, ҳамзамон ихтилофангезиву лафзбозии навбатии Кабирию Муҳммадиқболи бешарафро шадидан маҳкум менамояд.

 Валиев А.,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *