АЗ МАКРУ ДАСИСАҲОИ НАВБАТИИ ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ОГОҲ БОШЕМ!

Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид. Вале, бархе аз хоинону ватанфурӯшон, бахусус роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва аъзои ҳаракати сиёсии ифротӣ:”Гуруҳи -24” афроде бо номи Беҳрўз Тағойзода аз ин пешравию шукуфоии ватанро дидан намехоҳанд. Маълум аст, ки мақсада ҳасдхўрон барои ишғоли вазифа ноором кардани ватани азизамон мебошад. Баробари ин бояд қайд кард,ки дар тасаввури ин ташкилот ва гурўҳи ифротӣ бештар ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, бо ибори дигар ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ин ташкилоту гурўҳ дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.

Дар алоҳидагӣ баромадҳои душманони миллатро мавриди таҳлил қарор дода, қайд менамоем, ки дар сайтҳои иҷтимоӣ суханронии Кабирии хоин саропо туҳмату дуруғ, фиреб ва инкори гапҳои худаш аст. Муҳаммадиқболи Садриддин бошад худро ҳамчун мудири сомонаи “Ислоҳ нет” муаррифӣ намуда, кӯшиш дорад, бо ҳарфҳои подарҳавою бемантиқ сулҳи тоҷиконро зери суол барад. Ӯ дар яке аз баромадҳояш иддао дошт, ки сулҳ дар Тоҷикистон то соли 2015 вуҷуд дошту ҳаминак аз сулҳ осоре намондааст. Шояд аёми наврасиаш дар атрофи кумондонҳои ифротии афғонӣ ба ёдаш омада, дар бораи Афғонистон, ки дар он маҳз бо касофати аҳзоби сиёсии хусусияти исломидошта қариб чиҳил сол мешавад, ки ҷанг аст ва ё Сурияву Ироқу Либия, ки бо“шарофат”-и хоҷагону ҳампешагони ҲНИ ба харобазор табдил ёфтааст ва ё ҷои дигар?! Дурўғгўӣ бояд ҳадди каноре дошта бошад!

Мисоли дигар Беҳрўз Тағойзода аъзои фаъоли ҳаракати сиёсии ифротӣ –“Гурўҳи-24” зимни баромадҳои ифротиаш бо худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ намуда, мафкураи бархе ҷавононро вайрон карда, ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашидан кўшиш дорад.

Воқеан имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Душманони миллат бо дастуру раҳнамоии ҳоҷагонаш дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи амалҳои террористиро мақсад доштанд. Хушбахтона фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт имкон дод, ки пеши роҳи содиршавии як ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Исфара ва ду суиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва ДИИШ бояд сурат мегирифт, пешгирӣ карда шуданд.

 Бинобар ҳамин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки душманони миллат ва умуман ташкилоту созмон ва равияҳои фитнаангези ифротиро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.

АНВАРӢ Р.,
ассистенти кафедраи
молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *