РАФТОРИ РАЗИЛОНАИ ХОИНОНИ ВАТАНРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Мо омўзгорон тариқи расонаҳои васоити ахбори умум бохабар мебошем, ки баъд аз аёну исбот шудани амалҳои наҳзатиҳо, бештари аъзоёни собиқ ҲНИ фирорӣ шуда, бештарашон алҳол дар Аврупо қарор доранд. Наҳзатиҳо аз шармандагиашон дигар илоҷе надоранду имрўз пўсту рўи худро тағйир дода, баҳонаҷӯю разилтару ғайбатчӣ шудаанд. Нисбати хоинони миллат ибрози андеша карда қайд менамоем, ки наҳзатиён ҲНИ-ро ба Паймони миллӣ…” ном гузоштаан, ки алҳол ҳагон онро ТТЭ ҲНИ-ПМ ном мебаранд. Таҳлилҳо ва мушоҳидаҳо собит менамояд, ки чун солҳои қаблӣ барои амалисозии ҳадафи нопок тариқи барномаҳои ифротӣ, аз ҷумла Кабирию Муҳаммадиқбол ва дигар пайравони наҳзатиҳо бо навбат тибқи супориши хоҷагонашон баромад карда истодаанд. Дар оқибат чунин гуфтору рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони чаҳон қарор дорад. Ёдовар бояд шуд, ки собиқ ҲНИ дар зарфи тамоми фаъолияташ бо истифодаи ҳар гуна фитнаву дасиса бо бадномсозии ҳокимони давр, танқиди сиёсати замона намуда, бо ин роҳ режиме барқарор сохта бошанд, ки дар он сарвар ҳокимияти олӣ дошта, амалу кирдорҳои онҳо танқиднопазир бошад. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ орзуманди бунёди тартиботи авторитарӣ ва инкори низоми сиёсии демократии ҳуқуқбунёд мебошанд.

Умуман, назардошти тағйирдиҳии сохтори сиёсии Тоҷикистон ошкоро нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ нисбат ба халқ ва ҳимояи манфиатҳои онҳо бетараф мебошад. Доштани ҳадафи зиддиконститутсионӣ худ шаҳодатгари он аст, ки бо соҳиб шудани ҳокимият низ хунрезиҳову ошӯбаҳо дар байни ҷомеа дар солҳои 90-уми асри гузашта ба амал омада буд. Дар сари ҳамин ҳаводис шахсияти хиёнатгори миллат Муҳиддин Кабирӣ буда, то ҳол кўшиш намуда истодааст, ки боз ҷавонони ноогоҳро дарёфт намуда, ба сўи ҷангу хунрезӣ хонад. Мутаассифона, бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. Чунончӣ, тибқи расонаҳои хабарӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 10 нафар аъзоёи ТТЭ ҲНИ-Паймони миллӣ дар қаламрави кишвари мо ҷиноят содир намудаанд. Инчунин аз ҷониби гурўҳу равияҳои ифротии зерин: Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар, “Давлати исломӣ” (ДИИШ) – 26 нафар, “Салафия” 45 нафар, “Гурӯҳи 24” 13 нафар, “Ансоруллоҳ” 9 нафар, “Ҳизб-ут-таҳрир” 6 нафар, “Ал-Қоида” 3 нафар, “Ҷамоати таблиғ” 8 нафар, Ҳаракати исломии Узбекистон 5 нафар ҷиноят содир шудааст.

Бинобар ин ҷавонон аз ин маълумоти оморӣ хулосабарӣ намуда, бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

 Рафтори разилонаи хоинони ватанро шадидан маҳкум намуда, дар фарҷоми мақолаи хеш иброз медорем, ки мо омўзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузошта, ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона хоҳем намуд.

А. ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *