Пушида нест,ки раҳбарияти ҳаммаслакон ва думравони наҳзатиҳо, барои “сафед” кардани худ номи хизбро ба “Паймони милли..”(ПМ) табдил дода, сояи худро таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷилва медиҳад. Паймони худсохтаи наҳзатиҳо бо муаррифӣ намудани симои нав ва ҳадафи муѓризонааш, имрузҳо асосан тариқи сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” бо ровигии Муҳаммадиқболи Садриддин ва пайрвонаш дар барномаи “Минбари муҳоҷир”баромад намуда, кӯшиш карда истодааст, ки ҷавонон ва бахусус муҳоҷирони меҳнатиро гумроҳ намуда, тавассути онҳо амалҳои разилона, амиқтараш супорпиши хоҷагонашро иҷро намояд. Маълум аст, ки М.Садриддин бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ, бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд. М.Садриддин ва пайравонаш бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Хар як фарди бооору номус,умуман хонандаи заки пай мебарад,ки зимни баромадҳо агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватан талош меварзанд. Пас суол ба миён меояд: Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромӯш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб робарияту ҳаммасакони ҲНИ солҳои 90-уми асри гузашта боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Наҳзатиёни тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин муддаиёни гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи “Паймони милли” ба ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки паймони худсохтаи наҳзат чун солҳои қаблӣ бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, Воқеан, имрўз раҳбарияту ҳаммаслакони “ПМ” омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Оё ин гуна пиндор ва рафтори бадхоҳонаи онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи исломӣ донист? Албатта не! Ҳақиқати ин масъала ошкор аст. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони наҳзатӣ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ, аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо, барои ин гуруҳи муддаиёни ифротӣ ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар пайи ҳақиқат, балки дар пайи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳабиро ба таври худ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд. Хулоса, бояд донист, ки “ПМ” аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз дигар гурўҳҳои террористӣ фарқе надорад.
Мо дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи паймони худсохтаи наҳзат камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои душманону бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.
Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шуъбаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ