ФАЪОЛИЯТИ ПАРДАПӮШОНАИ ТАХРИБИИ НАҲЗАТИЁН АЁН АСТ!

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони кишвар, хусусан ҷавонон тавассути шабакаи иҷтимои баромадҳои ифротӣ намуданашон ба назар мерасад. Дар иртибот мисол меорем, саркардагони пайравони ТТЭ ҲНИ ва бо ҷалби ҳаракатҳои мухолифини бурунмарзӣ ва бо кӯмаку дастгирии хоҷагони хориҷӣ созмони бо ном “Паймони миллӣ”-ро барои идома додани фаъолияти тахрибии худ таъсис доданд, ки мо онро паймони худсохтаи наҳзат медонем. Ин созмони худсохта ифодакунандаи афкори наҳзатиён буда, сомонаҳои интернетии ба он хос тағрибкунандагони идеологияи хусусияти террористӣ ва ифротгароидошта ҳамчун таҳдид ба фазои иттилоотӣ ва амнияти кишвар маҳсуб меёбад. Яке аз чунин сомона бо номи “Ислоҳ нет”аст, ки баръало фаъолияти пардапӯшонаи тахрибии наҳзатиёни ифротӣ дар он мушоҳида мегардад. Алҳол мудирияти ин сомонаи мазкурро Муҳаммадиқболи Садриддин ба ӯҳда дорад. Дар сомонаи ифротии “Ислоҳ. нет” асосан М.Садриддин бо пайравони худсохтаи наҳзат, аз ҷумла Салим Султонзода, Муҳаммад Тағоев, Шарофиддин Гадоев ва шогирдаш афроде бо номи Абдухалил Восеев бо навбат баромад менамоянд, ки аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ, авомфиребӣ ба шумор мераванд. Илова бар ин шогирди зикршудаи М.Садриддин дар барномаи ифротии “Дурахши ҳақ” тақлид ба устоди бешрафаш баромадҳои ифротӣ менамояд. Хулоса, ин тӯдаи бадхоҳони миллат аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида ,бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Вале, тудаи бадхоҳони миллат бехабаранд,ки мардуми боору солимақли кишвар шоҳиди он аст, ки фаъолияти иғвогарии раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони “Паймони милли” асосан дар пешбурди ҷанги иттилоотӣ бо роҳи таъсиси сомонаҳову дигар васоити ахбори дасисабоз дар фазои иттилоотӣ мавриди ташвиқу тарғиб қарор дода шудааст. Умуман, ба бадхоҳони миллат гуфтанием, ки дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Таърих гувоҳ аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки бар зидди чунин душманони миллати тоҷик мубориза кардем. Баробари ин, бо итминони комил метавон қайд кард, ки ҷомеаи имрӯзаи кишвар, хусусан ҷавонон аз рафтору гуфторҳои тудаи хоинони миллат, яъне аз фаъолияти паймони худсохтаи наҳзат комилан воқиф гардидаанд ва хулоса, ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои решакан кардани аќидањои ифротї муборизаи беамон бояд барем!

Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва ќарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *