АБЛАҲИ М.САДРИДДИНИ БАДХОҲ бо думравонат БЕҲУДА АЙБРО ДАР ИНУ ОН ПАЙДО МАКУН!

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо кўмаки интернет имрўз маъракаҳои иттилоотӣ нафақат ҷомеаи солими муосир, инчунин барои дастгирии гурўҳҳои гуногуни террористӣ, экстремизм роҳандозӣ гардида, ҷараёни амалиёти террористӣ ба нақша кашида мешавад ва иттилооти муфассал дар бораи ҳадафҳо ва объектҳои ҳамла ҷамъоварӣ карда мешавад. Интернет – манбаъҳо ва вебпорталҳои ташкилотҳои террористӣ шакли худро таѓйир медиҳанд, кўшиш мекунанд таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд, хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Ин ҳолатро бадхоҳони миллат- раҳбарияту ҳаммаслакон наҳзатиҳои фирории ватангадо ва пайравонаш, бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин тавассути сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет“ дар барномаҳои “Минбари муҳоҷир” ва афроде бо номи Абдухалил Восеев дар барномаи ифротии “Дурахши ҳақ” дар соли сипаригардида ва соли равон бо навбат баромадҳои ифротӣ намуда, бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон айбҷўӣ намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Онҳо ба ин васила андешаи манфури худро баён мекунанд, воқеан, хоин ва зархаридони хориҷӣ мебошанд. Аз ин рў, ба бадхоҳони миллат аз забони Мавлоно гуфтанием:

Гар надорӣ дониши таркиби ранг,
Байни гулҳо зишт ё зебо макун.
Хуб дидан шарти инсон будан аст,
Айбро дар ину он пайдо макун.

Такрор ба такрор гуфтанием, ки бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Бадахшон, умуман Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад.
Дар интиҳои андешаи хеш мо амалҳои ҳаммаслакону думравони паймони худсохтаи наҳзатиро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар таъкид мекунем, ки нияту мақсадҳои ғаразноки душманони миллат ҳаргиз ҷомаи амал нахоҳанд пӯшид.

М. АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *