ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – САРЧАШМАИ КИНАВУ АДОВАТ

Мусаллам аст, ки хоинони миллат, хусусан роҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли..” дар кишварҳои Аврупо фаъолият доранду, муттаҳидии мардумони кишвари соҳибистиқлоламонро моро зери суол гузошта, ҷудоиандозӣ меҷўянд.Барои бадхоҳони миллат ягона роҳ имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ аст, ки аз ин истифода бурда, дар барномаҳои ифротиашон тухми адовату ҷудоӣ миёни мардуми мо мекоранд. Чунончи, ҳамммаслаки паймони худсохтаи наҳзат Муҳамадиқболи Садиддин мебошад,ки сомонаи “Ислоҳ ТВ”- ро маскан гирифта, бо ҷалби шогирдону думравонаш дар давоми моҳҳои октябр, ноябр, декабри соли 20223 ва аз оғози соли нави 2024, санаҳои 3 ва 7 январ дар барномаи ифротии “Минбари мухоҷир” баромадҳои ифротӣ намуд. Зимни баромадаш боз чун солҳои қаблӣ пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар, шахсиятҳои мансабдор ба даъвати оммавӣ барои дигаргунсозии сохтори конститутсионӣ ва ғасби ҳокимияти давлатӣ ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Аслан “Паймони милли..” ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошанд, ки бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад.

Хулоса вақт довар аст, ки воқеан Паймони худсохтаи наҳзат- сарчашмаи кинаву адоват аст! Бинобар ин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчи амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем. Бояд қайд кард, ки воқеан миллати мо бо муттаҳидӣ аз ҳамагуна мушкилиҳо метавонад раҳо ёбад ва ин ҳолат дар ягон сурат рўҳияи мардуми моро шикаста наметавонад. Хулоса қадам ба қадам мо ба бунёди давлати иҷтимоӣ ва пешрафта ноил гардида, амалҳои хоинонаи раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳсат-ро мардуми кишвар пайваста ва доимо маҳкум мекунад.

Ф. ҚУРБОНОВ , мудири бахши кор бо
ҷавонони ДИС ДДТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *