ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони  ДИС ДДТТ вобаста  ба  баромадҳои ифротии М. Садриддин дар “Ислоҳ.нет” (аз 03 ва 7 январи соли 2024)

Мо, ҷавонони Донишкада зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба баромадҳои ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат- “Паймони милли..” мебошад, андешаҳои  хешро баён намуда, онро  шадидан маҳкум карда будем. Имруз низ дар атрофи суханрониҳои  М.Садриддин ва думравонаш,ки санаҳои 3 ва 7 январи тавассути сомонаи “Ислоҳ нет.”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромада намудаанд, ибрози андеша менамоем.  Ин навбат бадхоҳони миллат- М.Садриддин ва шогирдону  пайравони паймони худсохтаи наҳзат афроде бо номи Фарруху Раҳматулло ва дигаре лақабаш Ҷонсон ,ки чун овози кудакмонанд сухан менамояд,  зимни баромадҳои ифротиашон  худро “адолатхоҳ”, нишон дода, суханҳои бемантиқона дур аз ҳақиқатро баён доштанд. М. Садридин зимни баромади ифротиаш оид ба маҳудияти барқ, озод намудани зиндониёни сиёсӣ, яъне маҳбусон сухан карда, масъаларо ҳамин хел гузошт,ки баъди озод намудани маҳбусони сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намекунад. Ба андешаи мо ҷавонон, маҳбусон тибқи қонунҳои амалкунадаа ва тасдиқу исботи ҷиноятҳои содирнамудаашон аз озодӣ маҳрум гаштаанд.Вобаста ба ин масоил ҳоҷат ба баён нест!

Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад  ва ба баромадҳои хоини миллат-М.Садриддин баҳои дурусти худро дода онро шадидан маҳкум менамоянд .Баробари ин, мо ҷавонони ватандӯсти даврони соҳибистиқлол минбаъд низ ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, намегузорем, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ, бахусус раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат-Паймони милли.. дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.Дар интиҳои изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки  мақсади навбатии М. Садриддини хоин ва шогирдонаш ва умуман наҳзатиёни фирорӣ  ин иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар аст. Баробари ин, таъкидан хотиррасон менамоем, воқеан, таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, ќодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *