«Паём-меҳвари фаъолият»

Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.(28.12.2023,ш. Душанбе)

                                                                     Эмомалӣ РАҲМОН

     Раҳнамо баҳри иҷрои ҳадафҳои шоиста

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави замони Истиқлол буда, ҳоло ба ҳукми анъана даромада,  ҳар сол он ба парлумони кишвар аз ҷониби Сарвари мамалакат ироа мегардад.

Воқеан, Паём ин санади сарнавиштсоз, роҳнамо баҳри иҷрои ҳадафҳои шоиста буда, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, нақшаҳои рушди устувори минбаъда дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат тарҳрезӣ гардида, вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас мегардад. Дар Паёми навбатӣ дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол баён гардиданд.

Вобаста ба ҷабҳаҳои матраҳгардида, аз ҷумла оид ба масоили вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, илму маориф ва иҷтимоии Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзишу хулосабарорӣ қарор дода, қайд кардан ҷоиз аст, ки Паём аз диди сиёсӣ воқеияти сиёсии на танҳо дохилӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро низ дар бар гирифта, мавқеи Тоҷикистонро вобаста ба рўйдоду ҳодисоти соли охир дақиқ муайян намуд. Дар робита ба ин, мебояд қайд кард, ки мураккабшавии авзои сиёсии байналмилалӣ, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ, инчунин, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва пайомадҳои онҳо зимни пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон моро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ водор месозанд. Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст. Бо таваҷҷўҳ ба ин ҳолат, дар Паём оид ба мураккабиҳои ҷаҳони муосир, васеъшавии ҷуғрофияи низоъҳо ва нооромиҳо изҳори нигаронӣ карда, идомаи минбаъдаи ин ҳолат боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам арзёбӣ гардидааст. Воқеан, имрӯзҳо мо шоҳиди шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, ки ба пойдории сулҳу субот ва амнияти давлатҳо таҳдид эҷод мекунанд, рӯ ба рӯ гашта истодаем.  Дар иртибот ба ин, кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз чунин мушкилотҳои номбаршуда дар канор буда наметавонад ва кишвари мо ҳамроҳ бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон тамоми кӯшишу тадбирҳои худро ҷиҳати ҳаллу фасли муаммоҳои номбаршуда равона карда истодааст. Умуман, дар марҳалаи кунунӣ оид ба тадбирҳои муассири кишвари мо дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин, дигар шарикони анъанавӣ аз минтақаҳои Осиё, Аврупо ва Амрико ҷойгоҳи хосса дорад.

 Дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ, дар ин раванд зарурати ҳамгироии бештари ҷумҳурӣ бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, муҳимияти роҳандозии ҳамкориҳои фарогир қайд карда шудааст. Масалан, ҳамкории Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои дигар ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаву заминаҳои мухталиф равона гардидааст.Чунин арзёби намудани масоил доир ба муносибатҳои байналмилалӣ собит менамояд, ки обрўю нуфузи сиёсиву байналхалқии Тоҷикистонро густариш дода,  масъалаҳои стратеияи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва минтақа амиқтар эҳсос мегардад. Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025, инчунин, 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори мардуми шарафманди Тоҷикистон аст. Дар ин раванд, Пешвои миллат ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, эҷоди шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини бехатарии онро муҳим арзёбӣ намудаанд.

Пешвои муаззами миллат дар атрофии масоили иқтисодӣ сухан ронда, зикр намуданд, ки тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд. Ҳамчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидани раванди рақамикунонии иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои иҷтимоиро аз ҷумлаи масъалаҳои афзалиятноки кишвар  маҳсуб гардидааст. Баробари ин, қайд карда шуд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба кишварамон муяссар шуд, ки нишондиҳандаҳои рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намояд.

             Қайд карда шуд, ки дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид. Таи беш аз ду сол новобаста дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Инчунин, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид. Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои охир дар кишвар сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд. Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои муассир сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Бо мақсади идома додани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати дар ҳафт соли минбаъда то ба 10 фоиз паст кардани сатҳи камбизоатӣ чораҳои мушаххасро амалӣ намояд. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

        Тавре дар Паём қайд гардидааст, Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

     Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳафт соли охир ба кишвар ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки зиёда аз 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар ин давра дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Тибқи «Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030» ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шуда, солҳои 2022 – 2026, яъне дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шавад. Инчунин, дар Паёми навбатӣ оид ба масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ татбиқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани технологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан, истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи “иқтисодиёти сабз”, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардидааст. Дар Паём таваҷҷўҳ ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ, аз ҷумла оид ба масоили  истиқлолияти энергетикӣ равона гардидааст, ки бобати амалӣ шудани чунин ниятҳои нек ҷумҳурии мо тайи начандон тўлонии таърихӣ ба як қатор муваффақиятҳои бузург ноил гардидааст. Дар иртибот ба ин, дар Паём қайд карда шуд, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.Дар ҳафтоду панҷ соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд. Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд. Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмӯъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад.. Дар робита ба ин, бояд қайд кард,ки дар соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.

Хулоса, Ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти фаровонии захираҳои гидроэнергетикӣ, иқтидори бузурги истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он, дар ҷодаи ноил гардидан ба ҳадафи стратегии худ – расидан ба истиқлоли энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар баробари нуктаҳои қайдгардида, ҷиҳати идома додани кор дар ин самт Роҳбари кишвар зарур шумориданд, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд. Аз ҷумла:

     -бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд;

     -барои беҳтар кардани таъминоти аҳолии кишвар бо барқ ва рушди соҳаи истихроҷи маъдан ва саноати металлургия суръати корҳои асосноккунии техникӣ ва лоиҳакашии неругоҳҳои барқи обии «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт дар дарёи Вахш, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт дар се марҳала дар дарёи Панҷ – қисмати ноҳияи Рӯшон ва «Чарсем» дар дарёи Ғунди ноҳияи Шуғнон бо иқтидори 14 мегаватт, бо дарназардошти бунёди хатти интиқоли барқ ва дигар инфрасохтори зарурии интиқол ва тақсимоти барқ тезонида шавад;

     – дар робита ба амалисозии лоиҳаҳои сохтмони хатти интиқоли барқи CASA–1000 ва азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ барои дар 7 соли оянда то 10 миллиард киловатт – соат афзоиш додани содироти неруи барқ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.;

    -ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ноил гардидан ба нишондиҳандаи на зиёда аз 9 фоизи талафот татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ин самт таъмин гардида, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои ҳалли ин масъала дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат бахшида шавад;

      -бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд;

        -корҳо дар самти гузариш ба таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ва истеҳсоливу коммуникатсионии мамлакат ва риояи маданияти баланди истифодаи неруи барқ аз ҷониби    аҳолӣ тақвият бахшида шаванд.

        Баробари қайд карда шуд, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди истифода қарор дода мешавад. Боиси ифтихор аст, ки алҳол кишвари мо аз рӯйи фоизи истеҳсоли барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар ҷаҳон дар ҷойи 6-ум қарор дорад.

Мусаллам аст, ки омили асосии пешрафти ҷомеа дар ҳама давру замон маориф аст. Дар ин замина дар Паём мутобиқ бо талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин амалӣ шудани барномаи рушди кишвар, аз ҷумла соҳаи маориф низ дар соли 2024 муайян шудааст. Дар робита ба ин, дар Паёми навбати оид ба масъалаи мактабу маориф низ андешаҳои ҷолибу хурсандибахш гуфта шуданд, ки он ба мо, аҳли маориф, рӯҳу илҳоми  тоза мебахшад.

            Дар Паёми хеш Сарвари кишвар хотирнишон намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои дар Паём ироашуда бояд ба масъалаҳои зерин бояд таваҷҷуҳ равона намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ карда шавад. Сарвари кишвар зикр намуданд, ки «… рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад». Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат масъалаи дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ гардид. Пешвои миллат дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, молия ва Академияи миллии илмҳо супориш доданд, ки ҷиҳати маблағгузорӣ, тақвият ва истифодаи самараноки сармояи инсонӣ тадбирҳои муассирро роҳандозӣ намоянд. Бо баробари ин, таҳлилҳои оморӣ дар Паёми Сарвари давлат нишон доданд, ки агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Ин равандро ба инобат гирифта, Сарвари давлат зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имконоти низоми маорифро ба миён гузоштанд. Яке аз нишондиҳандаи оморӣ, ки дар Паём ироа гардид ин аст, ки агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Маҳз дар соли 2023 дар кишвар 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта ва мавриди истифода қарор дода шудааст.

       Як нуқтаи бисёр муҳимме, ки дар Паёми Сарвари кишвар ироа гардид ин эътирофи кишвари мо ҳамчун давлати маорифмеҳвар аст, ки мувофиқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд. Албатта, ин аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат маншаъ мегирад, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардидан ин соҳаи афзалиятнокро дар мақоми аввали сиёсати хеш гузошта буд.

     Вобаста ба сатҳу сифати омода намудани кадрҳо Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф ба шумор меравад. Таъкид гардид, ки рушди иқтидори илмии муассисаҳои таълимӣ, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад. Хотирнишон карда шуд, ки дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди нерӯи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад.

            Имрӯз рушди ҷомеа, тараққиёти илму техника ва технология тақозо мекунад, ки омӯзгорон дар навбати аввал барои баланд бардоштани сатҳи касбияти худ мунтазам кӯшиш кунанд. Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар кардан ғайриимкон аст. Таҳкими иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини омӯзгорон мебошад. Аз ин лиҳоз, мо омӯзгоронро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Хулоса, имрӯз моро зарур аст, ки рисолати касбии хешро аз ҳарвақта дида боз ҳам бештар иҷро намоем. Зарур аст, ки худ намунаи ибрат барои насли ҷавон бошему дар ҳама самти фаъолият ба рисолати касбии хеш арҷгузор бошем. Ҷонфидоии омӯзгор барои миллату давлат дар он ифода меёбад, ки рисолати худро дар мадди аввал дарк намуда, аз ҳама лиҳоз маърифатпарвар бошад.

             Воқеан, паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат бо хусусиятҳои таҳлилӣ ва самтгирии муайян дар соҳаҳои мухталиф аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва ҳамчун раҳнамо ба тамоми мардуми кишвар хизмат менамоянд. Имрўзҳо мардуми саодатманди кишвари маҳбуби мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, ҷониби ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Таҳти таассуроти гуворои Паёми нерўбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии шоиста ва фаъолияти пурсамар доранд.

           Дар фарҷом бо иқтибос аз суханронии Пешвои муаззами миллат навиштаҳои хешро ба анҷом мерасонем: “Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.”

МАМАДҶОНОВ Ф.С.,

устоди ДИС ДДТТ

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *