ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ САРЧАШАМАИ ЗАҲҲОКСИФАТОНУ ИБЛИСРӮЁН АСТ!

Вақтҳои охир яке аз узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат –“Паймони милли…”дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин имруз дар яке аз кишварҳои Аврупо зиндагии муҳоҷирӣ дораду аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, ровию роҳбари сомонаи “Ислоҳ нет”-и ифротиро ба уҳда дошта, асосан барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунанда баромад менамояд. Барномаи ифротии мазкур бо ровигии М.Садриддин аз оғози фаъолияташ бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардуруғ, бо раҳнамоии хоҷагони хориҷӣ, мехоҳанд вазъи кунунии кишварамонро ноором созанд. Масалан санаҳои 3, 7 ва 10 январи соли равон бо ҷалби пайравонаш, аз чумла Абдухалил Восеев, Шавкати Муҳаммад ва афорде бо номи Ҷамшед зимни мусоҳиба бо матлабҳои гуногуни беасос кишвари моро зери танқид қарор дод. Ба М.Садриддин ва думравонаш суол дода мешавад, ки ҳадафи сухани навбатиашон барои инъикоси айбҳои мардум ва зишт нишон додани миллати тоҷик аст ё дигар масъалаҳо?! Ба ин суол посух додан мушкил нест! Ба фикри мо М.Садриддин ва умуман пайравони “Паймони милли” ва ТТЭ ҲНИ заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро нодида гирифта, ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашро таблиғ карда, бегонапарастӣ мекунад. Дар урфият мегӯянд, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад. Хулоса М.Садриддин ва раҳбарияту пайравони паймони худсохтаи наҳзат тудаи хоинони миллатанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Ин тудаи афрод бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, ҳоло дар пайи иҷрои супориши навбатии хоҷагони худ ҳар сақави дурӯғеро, ки ба даҳони бефарозаш рост меояд, сухани беасос мегўяд. Кас аз суханрониҳои бемантиқу беасоси М.Садриддин бо осони пай мебарад, ки ў дар ҳақиқат ба хотири молу сарват, ақли худро бохтасту бар миллати мо беасос хиёнат мекунанд ва хулоса ба ғайр аз ин кор дигар коре надорад. Баробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки аслу ҳaдaфи раҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони милли..” ва ТТЭ ҲНИ aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудa, роҳгумзада менамоянд. Барои тасдиқи ин сухан мисол меорем, ки шаҳрванд Бабамурадов Маҳмудҷон Мирзоназарович, истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Навзамин, деҳаи Умед, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Шукрулло» мебошад, бо истифода аз телефони мобилӣ, сомонаи «Ислоҳ.нет»-ро мунтазам тамошо намуда, навору баромадҳои Муҳаммадиқболи Садридинро қобили қабул дониста, бо ӯ дар алоқа пайвастааст. Сипас, матнеро оид ба масоили «Камбудиҳои оби полезӣ ва оид ба фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот» омода намуда, онро ба барномаи «Ислоҳ.нет.» ирсол намудааст, ки он хусусияти ғаразноки сиёсӣ ва иғвоангезӣ дорад. Бояд қайд кард, ки чунин тарзи ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти иғвоангези ифротии «Паймони миллӣ» нигаронида шудааст. Оид ба ин ҳолат аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ нисбати Бабамуродов М.М. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди тафтишоти пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд. Ниҳоят бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 19 декабри соли 2023 номбурда дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба мӯҳлати панҷ сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, иброз медорем, ки мо омӯзгорон, умуман ҷомеаи имрӯзаи кишвар, аз кирдорҳои хиёнаткорнаи роҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони милли..” комилан воқиф гардидаанд ва ба ин васила, ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯён –паймони худсохтаи наҳзат муборизаи беамон мебарем!

Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *