ФИРЕБУ НАЙРАНГ ВА ДАСИСАБОЗИИ ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ БОЗ АЁН ГАРДИД!

Мутаассифона, дар ҷомеаи муосири имруза, шахсон ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва созмонҳо арзи вуҷуд доранд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Яке аз чунин ҳизбҳо, собиқ ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) мебошад, ки алҳол бо номи “Паймони миллӣ” бо роҳбрии Муҳиддин Кабирӣ ҳаммаслакону думравонаш асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳо бо номи “Минбари мухоҷир”, “Ҳақ ва ботил” ва “Дурахшони ҳақ” баромади ифротӣ намуда, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар бе асос норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд. Аз таърихи паймони худсохтаи наҳзат ёдовар шуда, кайд менамоем, ки ин созмони худсохта аз ҷониби намояндагони мухолифони бадарғаи Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Созмони мазкур моҳи сентябри соли 2018 дар Варшава аз ҷониби намояндагони ҲНИ , ки дар Тоҷикистон мамнӯъ ва ҳамчунин се созмони дигар («Анҷумани озодандешони Тоҷикистон», «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ») таъсис дода шудаанд. Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15 августи соли 2019 Паймони милли (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем) як иттиҳодияи террористӣ-экстремистӣ эътироф кард ва вебсайти он дар Тоҷикистон масдуд шудааст.То ҳол раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзатӣ, алалхусус Муҳаммадииқболи Садриддин ва думравонаш Абдухалил Восеев, Салим Султонзода, Ҷамшеду Раҳматулло ба мунтазам тариқи сомонаи “Ислоҳ.нет” дар барномаҳои ифротии зикршуда бо худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ намуда, имрӯз боз меҳоҳанд чун солҳо 90-уми асри гузашта мафкураи бархе шаҳрвандони кишварро вайрон карда, ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашида истодаанд. Чунончӣ, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бабамурадов Маҳмудҷон Мирзоназарович, истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Навзамин, деҳаи Умед, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Шукрулло», бо истифода аз телефони мобилӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи «Ислоҳ.нет»-ро мунтазам тамошо намуда, навору баромадҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро қобили қабул дониста, бо ӯ дар алоқа пайвастааст. Номбурда моҳи июли соли 2023 матнеро бо мавзӯӣ «Камбудиҳои оби полезӣ ва оид ба фаъолияти роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот» омода намуда, онро ба М. Садриддин барои нашр намудан ирсол намудааст. Дар ин замина, 2 августи соли 2023 дар сомонаи мамнуъи «Ислоҳ.нет» мақолаву наворҳо бо номи «Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ.нет №42» оид ба фаъолияти масъулини мақомот ва муассисаву ташкилотҳои ноҳияи Дӯстӣ нашр ва пахш гардидааст, ки хусусияти ғаразноки сиёсӣ ва иғвоангезӣ дошта, чунин тарзи ҷамъоварӣ ва паҳнкунии маълумоти иғвоангези ифротӣ бо мақсади ҷиноӣ ва ғаразнокии ТТЭ ҲНИ ва «Паймони миллӣ» нигаронида шудааст. Оқибат роҳгумзада бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 19 декабри соли 2023 дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол, бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, таъин карда шуд. Аз ин ҷо мо, аҳли ҷомеа, бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем, онҳоро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ эмин дорем, дар амри пешгирӣ аз хатарҳои экстремистӣ ва терроризм баҳри саодати мардумамон, ободии хонаву дар ва ҳифзи Ватани азизамон ҳаммаром бошем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат – Муҳамадиқболи Садриддин ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўѓпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.

А. Валиев,
устоди ДИС ДДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *