ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватияи ДИС ДДТТ вобаста ба баромади ифротии навбатии М.Садриддин ва пайравонаш дар “Ислоҳ.нет.”(аз 14.01.2024с.)

Мо кормандони шуъбаи илм ва иноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд борҳо зимни изҳороти хеш нисбат ба баромадҳои раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ ва ё бо номи “Паймони миллии”, алалхусус яке аз узви фаъоли он Муҳаммадиқболи Садриддинро шадидан макум намуда, андешаҳои хешро иброз намудаем. Ин навбат вобаста ба баромади ин афроди бешараф-М.Садриддин, ки санаи 14 январи соли равон, тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби пайравонаш баромади ифротӣ намуд, андешаи хешро иброз менамоем. Зимни баромадаш афроди бешараф худро боз “уламои дин” шуморида, оид ба оғози моҳи Раҷаб ва моҳи Рамазон сухан карда, чун баромадҳои қаблиаш нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар ва оид ба масоили барқ андешаи носолими ифротиашро баён сохта, бо ҷалби пайравонаш боз туҳмату иғвогариро пеша намуд. М.Садриддин ва пайравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев оид ба фаъолияти роҳбарияти кишвар, дигаре Илҳом Ёқубов вобаста ба масоили оилавӣ ва афроде бо номи Мамадамин бо сенарияи пешакӣ таҳрезишуда нақш бозида, бо ин васила нисбати ҳатто модари хеш, зодгуми хеш ва миллату забони хеш кӯрнамакӣ намуда, роҳбарияти олӣ ва мақомоти қудратии кишварро бо суханони беасос таҳқир намуданд. Ин гуруҳакони носолими имрӯза бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд ва ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Дар фарҷоми изҳороти хеш, хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки авзои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *