

Ҳамагон тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастанд, ки солҳои охир иддае аз афроди хиёнатпешаву гумроҳон ва нотавонбинони миллат, ба мисоли Муҳаммадиқболи Садриддин, узви фаъоли паймони худсохта бо номи “Паймони милли”мебошад, то ҳол ба худ хулосае набароварда, боз бо роҳнамоии роҳбарияту хоҷагони хориҷиашон дар ҳар гӯшаву канори дунё, бо ҷалби думраваш асосан тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”дар барномаҳои ифротиашон бо номи “Мибари муҳоҷир” ва Абдухалил Восеев дар “Дурахши ҳақ” барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризонашон аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд. Асосон зимни баромадашон такрор ба такрор нисбат ба фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд. Аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Бояд қайд кард, ки имрӯз дар симои роҳбари “Паймони милли” Муҳиддин Кабирӣ, ки аслан ҳамон собиқ ҲНИ – гӯгирдчӯби сӯхта мебошад,ки имрузҳо бо ҳаммаслаки бешарафаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва як зумра роҳгумзадагон-сиёҳкорон ва умуман, бадхоҳони миллат мехоҳанд аз рӯи ҳамон сенарияи кӯҳна амал намуда, ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Масалан оид ба баромади навбатии М.Садриддин, ки санаи 04 феврали соли равон дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир“ ибрози андеша намуд. Чун солҳои қаблӣ М.Садриддин, боз бо ҷалби роҳбараш М.Кабирӣ ва пайравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев дар барномаҳои навбатиаш беасос нисбати роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар туҳмату ғайбат намуда, вобаста ба тағийроти кадрӣ андешаи носолимро баён сохтанд. Ҳол он, ки ин бадхоҳони миллат оид ба масоили сиёсати кадрӣ хеле дуранд ва умуман сарфаҳм намераванд, аз ҳарчи ба даҳонаш ояд, сафсатагӯӣ менамоянд.
Хулоса, имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт симои разилонаи раҳбарияту аъзоёни “Паймони милли..” ва думраваш аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд. Умуман, мо оид ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиби хешро мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.
Ф. ҚУРБОНОВ,
мудири бахш кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ