ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТ дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба баромадҳои иғвоангезона ва дасисабозиҳои паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” дар сомонаи ифротии “Ислоҳ нет”(аз 4 феврали соли 2024)

Мо кормандони шуъба, ин навбат низ нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони милли..” андешаҳои хешро баён месозем. Воқеан, вақт довар асту таърих гувоҳ , ки оқибат амалҳои нопоки хоинони давлату миллат фош гардид ва то имрӯз ин созмони бадхоҳи ифротӣ ба худ хулоса набароварда, бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфтаанд. Ин тӯдаи хоинон, амиқтараш роҳбари паймони худсохтаи наҳзат Мухиддин Кабирӣ,алалхусус ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва думравонаш, алалхусус Шавкати Муҳаммад, Абдухалил Восеев, Муҳаммад Тағоев, Шарофиддин Гадоев ва баробари ин, бо ҷалби афроди гумроҳшуд, ки аз ному лақабаш маълум аст , аз қабили Сунатулло, Мамадамин, Яъса, Ҷегевара, Ҷонсони кудаковоз ва амсоли инҳо дар барномаи “Минбари мухоҷир бо навбат баромади ифротӣ менамоянд. Мо борҳо нисбат ба баромадҳои иғвогаронаи ин тудаи хоинон, ки дар давоми моҳи январи соли равон баромадҳо намуда буданд, андешаҳоямонро баён сохта будем. Ин навбат нисбат ба баромади Муҳаммадиқболи Садриддин, ки санаи 4 феврали соли ҷорӣ дар шабакаи сомонаи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”баромад намуда буд хулосабарорӣ намуда, онро баён месозем. Ровии “Ислоҳ.нет”-М.Садриддин ин навбат бо ҷалби устодаш М.Кабирӣ оид ба масоили сиёсати кадри кишвар ақидаи носолимашро баён сохт,ки дар давоми моҳи январ танҳо дар атрофи масъалаи мазкур ақидаи ифротиашро такрор ба такрор изҳор намуда буд, ки афсонаи хаёлии наҳзтӣ буду ҳаст. М.Кабири баробари сиёсати кадрии кишвар андеша карда, беасос нисбат ба фаъолияти Президенти Федератсияи Россия оид ба сарфароз гардонидани медал ва вобаста ба фаъолияти кунунии Президенти Туркманистон суханҳои ноҷояро пеша кард, ки ба андешаи мо чи нисбати Президенти Ҷумҳурии Турманистон ва ё умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, ҳар шахс бо эҳтиёт бояд сухан гўяд! Вале, М.Кабирӣ хуро “сиёатмадору сиёсатшинос” шуморида, бараъкси гуфтаҳост! Дар ҳар баромадҳояш М.Кабарӣ давлату миллат ва мардуми кишварро туҳмату гайбати беасос менамуд ва ин навбат аз дастовардҳои футболбозони тоҷик қоил шуд,андеша накард, ки ин муваффақиятҳо чи тавр ба даст омад, ҳарфе назад.Баробари ин, таъкидан қайд менамоем, ки дар давоми 32 соли Истиқлол, варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд кард. Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тағиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд, ки мо имруз дарк менамоем. Воқеан, футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро пиёда сохтааст.
Хулоса, М.Кабири суханашро чун боду ҳаво иваз намуд, чун баромадҳои солҳои қаблиаш, боз барои паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ ва минтақавӣ бештар интишори матлаби иғвоангез паҳн намуда истодааст.Воқеан, мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти паймони худсохтаи наҳзат -созмони бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурўш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст.
Бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Дар фарҷоми изҳороти хеш бори дигар иброз медорем, ки имрўзу ҳамавақт амалҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои паймони худсохтаи наҳзат – хиёнаткору бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум менамоем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *