Тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз аъзои “Паймони милли”, ки дар асл ҳамон щаммаслаки Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) мебошад, имрӯзҳо бо ҷалби шогирдону пайравонаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба фитнаву иғвогарӣ ва аз ҳама бад ҷавонони аз асли воқеа ноогоҳро бо тамоми қувва мехоҳанд ба тарафи худ кашида бошанд. Солҳои қаблӣ ва дар давоми соли ҷорӣ ин гуруҳаки бадхоҳони миллат дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет ”, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”, ки М.Садриддин ровигӣ дорад дар якҷоягии шогирдону пайравонаш дар аспи ҷаҳолат савор шуда, ба ҳар тарафе ронда, нисбат ба миллату давлати соҳибистиқлоламон хиёнат мекунанд..
Имрўз бештари собиқ аъзоёну роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, яъне паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, тибқи супориши ҳоҷагони хориҷиашон мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимої, аз ҷумла дар барномаҳои ифротї бо номи “Паймони милли..”бо ровигии Муҳиддин Кабирӣ, “Минбари мухоҷир”, ровӣ М.Садриддин, “Ҳақ ва ботил” ровиаш Ашуров Ҳусейн ва дигаре бо номи“Дурахши ҳақ” ровиаш Восеев Абдухалил мебошад, баромадҳои ифротӣ намуда, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тўҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодаанд. Ин гуруҳи ифротӣ зимни баромадашон бо худнамоиву риёкорӣ, авомфиребӣ ва ҳуққабозӣ менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки имрӯз мардуми кишвар симои разилонаи афроди дар боло зикршударо аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба худ хулоса баровардаанд. Имрӯз зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ дода истодаанд. Аз ҷумла, ҷавонони солимфикру бомаърифати кишвар дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлоли кишвар талош меварзанд.
Дар интиҳои андешаи хеш рафтору гуфтори иѓовогаронаи раҳбарияту пайравони “Паймони милли” ва дигар созмонҳои ифротиро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон боз дубора ғуборолуд гардад!
Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ