Мудири шуъбаи илм ва инноватсия н.и.ф. Камолов Ф.А. ва дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд зимни сафари корӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин (аз 11 ноябр то 21 ноябр) вобаста ба тақвият додани байналмилалигардонии раванди таҳсилот ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба Донишкадаи илмӣ-таълимии иқтисодиёт ва менеҷмент, Донишкадаи илмию таълимии механикӣ ва муҳандисии электронӣ ва Донишгоҳи шимолӣ-ғарбии аграрию ҷангал ташриф оварданд.
Санаҳои 16 ва 17 ноябри соли ҷорӣ дар доираи 2 семинари илмӣ мудири шуъбаи илм ва инноватсия Камолов Ф.А. оид ба мавзӯи “Самаранокӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ (дар мисоли хоҷагии деҳқонии “Камолов Ф.”) баромад намуда, муаммоҳои баландбардории самаранокии соҳаҳои растанипарварӣ ва боғдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо олимони донишкадаҳои номбаршуда муҳокима кард. Инчунин, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, н.и.и. Комарова А.И. доир ба мавзӯъҳои «Рушди кишоварзӣ барои таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Тараккиёти хоҷагии қишлоқи “сабз” дар Ҷумҳурии Точикистон” маърӯза карда масъалаҳои мубрами рушди хоҷагии қишлоқ дар ҷумҳуриро баррасӣ кард.
Зимни сафари корӣ, устодони донишкада ба лабораторияи савдо ва маркетинг, сардхонаи ҳозиразамони донишгоҳ ташриф карда, таҷрибаи пешқадами донишгоҳҳои Чинро вобаста ба таъмини пайвасти илму таълим бо амалия омӯхтанд.