Воқеаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки айни замон назаррастарин таҳдид ин терроризм ва экстремизими динӣ мебошад. Оғози инро мо дар мисоли ташкилоти террористии Давлати исломии Ироқу ШоМ (ДИИШ, ДОИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, мамнуъ дар Тоҷикистон, Россия ва дигар мамлакатҳо мебинем ,ки новобаста баъди шикасти низомӣ дар майдони ҷангҳои Ироқу Сурия таблиғоти худро дар фазои маҷозӣ ва ҷомеа зиёд карда истодааст. Имруз шохаи он – Давлати исломии Хуросон на танҳо дар қаламрави Афғонистон, инчунин дар Осиёи Марказӣ ва Аврупо пинҳонӣ ва ё ошкоро фаъолити худро ба роҳ монда, то андозае муваффақ ҳам шуда, талош мекунанд, ки ҳалқаҳои хуфта ташкил карда, бештар даст ба амалиёти террористӣ ё ҷангҳои чирикӣ (партизанӣ) бизананд. Мувофиқи баёнияҳои худи ин гурӯҳҳои ифротӣ, таваҷҷӯҳи бештар барои ҷалбу эҷоди халқаҳои хуфта дар кишварҳои гуногун аз ҳисоби муҳоҷирон ё намояндаҳои бумии Осиёи Марказӣ ё худи Афғонистон аст. Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби зодагону шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони мо низ бо роҳи фиреб ҷалб намуда, барои амалиётҳо истифода мебаранд. Барои тасдиқи ии гуфтаҳо якчанд мисол меорем. Аз ҷумла, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни “Давлати исломӣ”ҳамкорӣ намуда, дар шаби фарорасии соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Истанбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз тарафи мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Инчунин, соли ҷорӣ низ ин гуна ҳолати номатлуб низ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷумла, санаи 28 январ ҳангоми намози пешин дар калисои итолиёвии католикии Марияи Муқаддас, маҳаллаи Сариери шаҳри Истанбул ду нафари ниқобпӯш ворид шуда, аз болои намозгузорон тир кушоданд. Аз миёни ибодаткунандагони колисои мазкур беш аз 50 нафар буданд,чанд тан тир хӯрда, як нафар ба ҳалокат расид. Тибқи маълумоти Вазири корҳои дохилии Туркия ду гумонбаршавандаи асосӣ дастгир карда шуданд, ки яке шаҳрванди кишварамон дигаре аз Русия мебошад. Бояд қайд кард,ки созмони террористии “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамла ба калисои мазкурро ба дӯш гирифтааст. Мисоли дигар, санаи 8 апрели соли равон як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро дар Италия ба гумони ҷангҷӯйӣ ва узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”дастгир кардаанд. Тибқи иттилои пулиси Италия дастгиршуда даҳ сол пеш ба ҷанг дар Сурия рафта, узви фаъоли ДИИШ будааст ва баъди ворид шудан аз Эйндҳовени Ҳолланд дар фурудгоҳи Фюмичинои Рум дастгир шудааст.
Воқеан, ҳодисаҳои зикршуда бори дигар собит менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Аз ин рӯ, ба ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ва ватандӯсту меҳанпараст лозим аст, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошанд. Пеш аз ҳама, дар ин кор саҳми волидайн бояд назаррас бошад. Агар падару модар доимо аз аҳволи фарзанди хеш бохабар бошаду ӯро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоянд, чунин фарзанд ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад. Баробари ин, аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд. Мо ҳама омӯзгорону падару модарон дар ҳамкорї бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофатбори ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем. Хулоса, имрўз љавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чї зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, љомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд ва аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли љомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсан хонанд.
Ф. МАМАДҶОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ