

Мо, борҳо нисбат ба баромадҳои ифротии роҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат, ки “Паймони миллӣ.. “(ПМ) ном дорад андешаи хешро иброз дошта, онро шадидан маҳкум намуда будем. Имрӯзу оянда низ, вобаста ба баромадҳои ифротии худнамоиши яке аз узви фаъоли наҳзат Муҳамадиқболи Садриддин ва шогирдону думравашрро, мавриди сарзанишу мазаммат қарор дода, ибрози андеша менамоем.
Вобаста ба баромадҳои М.Садриддин, ки дар давоми моҳи январи соли 2024, аз ҷумла, санаи 21 январ таҳти унвони “Тағийроти кадрӣ дар Хатлон барои пешгирӣ аз митинг ва ошуб буд.” тариқи сомонаи “Ислоҳ .нет”, дар барномаи ифротии “Минбари мухоҷир ” пахш шуда буд, сарввал онро маҳкум менамоем. М.Садриддин зимни баромади навбати боз бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, Абдухалил Восеев, Шавкати Муҳаммад, афроде бо номи Сунатуллою Самӣ ва дигаре бо лақаби Ҷонсони кӯдаковоз дар атрофи масоили сиёсати калрии кишвар беасос сухан карда, нисбати фаъолияти раҳбарияти олии кишвар бо фаҳмиши ақли кӯтоҳашон суханҳои беасоси ифротӣ намуданд. Дар баромадҳои ифротии худ, ровии барномаи “Минбари муҳоҷир”- М.Садриддин вобаста ба масъалаи зикршуда бо афроди дар боло зикршуда, ки аз ному насабаш маълум аст, тибқи нақшаи пешакӣ суолу ҷавоб ва баромад доир намуд. Хонандаи закӣ пас аз номбар кардани ному насаби ашхоси номбаршуда, бешубҳа дуруст пай мебаранд, ки онҳо ҷавонони гумроҳшуда ҳастанд, амиқтараш пайравони паймони худсохтаи наҳзат мебошанд.
Ин тӯдаи роҳгумзадаи ифротӣ, амиқан дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд. Мо шоҳид ҳастем,ки ин бадхоҳони роҳгумзада тавассути шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронаду мардумро ба майдонҳо даъват мекунад.
Ин қабил афроди роҳгумзада, аслан аз ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти раҳбарияту ҳаммаслак ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд. Умуман ,бадхоҳони роҳгумзадаи зикршуда ақли худро бохтаанду аз бадсириштӣ бар миллату давлат хиёнат мекунанд ва ба ѓайр аз ин амал дигар коре надоранд.Комилан қайд менамоем, ки ин тӯдаи роҳгумзадаи наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонанд.
Боз таъкидан ба бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ ва умуман ба раҳбарияту ҳаммсалакону пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” гуфтанием, ки шумоён ватангумкардаҳо хоҷагони хориҷии маблағгузоратон ба афкоратон тӯҳмату фитнаангезиро ҷой кардаанд. Такрор ба такрор ба М.Садриддин ва шогирду пайравонаш гуфтанием, ки ба доми хоҷагонашон афтода, яке аз бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ шудаед!.
Мақсад аз зикр намудани гуфтаҳои боло аз он иборат аст, ки дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии бадхоҳони миллат, аз қабили М.Садриддини бешараф ва шогирдону пайравонаш ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони милли..”-ро ҷиддӣ ва сахт маҳкумаш намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гўшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ