ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ва маҳалгароии ҳаммаслак ва думравони паймони худсохтаи наҳзат дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”(аз 21 январи соли 2023)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба баромадҳои ифроии ҳаммаслакону чоплусони паймони худсохтаи наҳзат- ”Паймони милли..”, ки асосан дар барономаи ифротии “Минбари муҳоҷир” баромадҳо менамоянд бохабарем ва онро шадидан маҳкум намуда будем. Имруз низ онро шадидан маҳкум намуда, ин навбат низ дар атрофи баромадҳои ифротии тӯдаи хоинони миллат, амиқтараш нисбат ба Муҳаммадиқболи Садриддин, якеа узви фаъоли “Паймони миллӣ” мебошад ва думравонаш, ки аз оғози моҳи январи соли нави 2024, амиқтараш санаҳои 03, 14, 17 ва 21 январи соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир“баромадаҳо намуданнд, андешаҳои хешро иброз медорем.
Мо кормандони шуъба аз баромадҳои охирини тӯдаи хоинони миллат – М.Садриддин, думравонаш, алалхусус Абухалил Восеев, Муҳаммад Тағоев ва афроде бо номи Мамадамину Холис, ки санаи 21 январи соли равон дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” андеша намуда, қайд менамоем, ки хоинони миллат ин навбат, бесосу бедалел оид ба масоили сиёсати кадрии кишвар, тағийротҳои дар моҳи январи соли 2024 –ро ба ришта баҳс кашида, маҳалгароӣ намуданд. Бояд ёдовар шуд, ки маҳалгароии хоинони миллат дар солҳои 90-ми асри гузашта иллат миллат зад ва аз оқибатҳои он ҳамагон бохабаранд ва ҳоҷат ба баён нест!
Мо аз баромадҳои ифротии М.Садриддин ва думравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” ба хулоса омда қайд менамоем, ки ин тӯдаи хоинони миллат, умуман, дар фикру андешаи амнияту осоиштагии миллату Ватани азизамон нестанд! Ҳар як фарди солимақл бо чашмони худ дидаву бо гушҳои худ борҳо шунидааст, ки ин гурӯҳаки бадхои миллат тавассути шабакаҳои ҷаҳонии интернетӣ чи гуна миллатро бо ҳам мешӯронаду мардумро ба майдонҳо даъват мекунанд. Боварӣ ба мардуми бедор ва зираку ҳушёри кишварамон, махсусан ҳаммиллатону ҳамватанони берунмарзиамон дорем, ки боз ҳам тири ин қабил хоинони миллат хок хоҳад хӯрд. Зеро ҳамеша ҳамватанони бонангу номуси мо, куҷое, ки набошанд, хоҳ дохил ва ё хориҷи кишвар ҳамеша аз ақли солим ва пирӯзии адолат ҷонибдорӣ намуда, зиндагию кори худро идома медиҳанд. Хулоса, баромади навбатии М.Садриддин ва думравонаш ва умуман, фаъолияти паймони худсохтаи наҳзатро дар хориҷи кишвар маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвари, аз ҷумла, шахсони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи раҳбарияту ҳаммасалакони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ” ба гирдоби ҷангу ҷидол кашида шавад!
Мо кормандони шуъба хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд.
Ҳадафи изҳороти мазкур аз ҷониби кормандони шуъба дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *