

Тибқи расонаҳои хабари ҳамагон огаҳанд, ки бадхоҳони миллат, амиқтараш ҳаммаслакону думравони паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони милли..” ки он аслан ҳамон ТТЭ ҲНИ мебошад, имрузҳо асосан тавассути сомонаи ифроттии “Ислоҳ.нет” дар барномаҳои ифротии “Минбари муҳоҷир”ровиаш Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигаре “Дурахши ҳақ” бо ровигии афроде бо номи Абдухалил Восеев баромадҳои беасосу бемантиқи худнамоишӣ намуда, бо ин васила дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ва байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Андешаҳои беасоси бадхоҳон aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, ки aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои ифротгароиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпўш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳaрaкaт дорaнд. Амалҳое, ки М.Садриддин ва думравонаш анҷом медиҳанд, хоинона аст!
Баробари ин, бояд қайд кард, ки ин тӯдаи бадхоҳони миллат зимни баромадҳои ифротиашон айби худро руйпуш намуда, бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯч ба сари мардуми мо, тоҷикони тоҷдор санги маломат мезананду бо ҳар роҳу воситаҳои шум иттилооти бардурӯғ ва сафасатаҳо номуайян паҳн карда, худро “мӯсичаи бегуноҳ” нишон медиҳанд. Зимни ҳар барномаи ифротиашон бо тарзи шифои ва хатти (бегущая строка) кумаки молиявӣ мепурсанд. Ин қабил ашхос ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушун ат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд ва имруз дар кишварҳои Аврупо гадоӣ доранду аз пайи вайронакориҳо ҳастанд ва мақсади онҳо танҳо ғорат ва нест кардани давлату миллат аст.
Хулоса, паймони худсохти наҳзат-“Паймони милли..“ қабили ниҳодҳои тундрави мутаасибибу бехирад аст, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Онҳоро ҳақиқати таърих, ҳаводиси зиёди айём ва пайомади амалиёти бисёр ҳаммаслаконаш ҳеҷ дарси ибрат намешавад, гӯё чашми бино, гӯши шунаво надоранд, сахт мутаассибу бехираданд. Умуман, дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи симои миллию мaзҳaбӣ, пос доштaни aрзишҳои мaънaвӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ вa мaърифaти ҳуқуқии aҳолии кишвaр, хусусaн ҷaвонон диққaти мaхсус зоҳир нaмудaн бa мaқсaд мувофиқ aст. Бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадрафторонро шадидан маҳкум намоем. Баробари ин, хотиррасон бояд кард, ки ба қадри неъмате чун Истиқлоли давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа мебошад.
Д. ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ