ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА ВА ШАХС

Яке аз анъанаҳое, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд намуд, ин мулоқоти ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли зиё, фаъолон, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ва ходимони дини кишвар мебошад.
Мулоқоти имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ба вазъи яке аз соҳаҳои калидии ҷомеа маънавиёт бахшида шуда, муҳтавои онро масъалаҳои марбут ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбнёд ва дунявӣ, дину мазҳаб, сатҳи маърифати дунявию динӣ таълиму тарбия, худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёи фарҳанги маънавии миллӣ ва нақши он дар устуворгардонии истиқлолияти давлатӣ, муаммою мушкилиҳо, хатару таҳдидҳо ва роҳҳои ҷилавгирии онҳо ташкил доданд.
Ба фикри мо, аз ҷониби Пешвои миллат кушоду равшан мавриди баррасӣ қарор додани ин муаммоҳо дар ҳузури фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони динӣ кишвар бесабаб нест, зеро дар шароити вусъати бархӯрди бесобиқаи фарҳангу тамаддунҳо, вусъати зиддиятҳо ва дар ин замина фаъол гаштани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ баҳри ғасби ақлу ҳуши инсон, олуда намудани ахлоқу маънавиёти ҷомеа хеле саривақтӣ мебошад.
Боиси хурсандӣ ва ифтихорамон аст, ки миллати фарҳангсолору тамаддунофари тоҷик дар муддати хеле кутоҳ ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намуда, ба ваҳдату сулҳу субот ноил гашт, Воқеан, Пешвои миллат дар суханрониашон зикр намуданд, ки мо акнун номи бади «ҷанги бародаркуш»-ро, ки ба миллати куҳанбунёду фарҳангӣ ва тамаддунсозамон таҳмил карда буданд, аз зеҳну хотираҳо тоза карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем.” Бешубҳа, барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар, фарҳангсолору тамаддунсоз, боло бурдани обрӯю эътибори он дар арсаи ҷаҳони ин ибтикор хеле зарур аст. Ҳамзамон, Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вусъати рақобати байни давлатҳо ва ҷомеаҳо баҳри манфиатҳои геостратегӣ ва геосиёсии худ, аз нав тақсим намудани ҷаҳон ва авҷгирии “ҷангҳои иттилоотӣ” баҳри ғасби ақлу ҳуши инсон муаммоҳое рӯйи кор меоянд, ки дар бораи онҳо рӯйи рост гуфтугӯ намудан зарур аст. Дар ин робита, Пешвои миллат зимни суханрониашон махсусан таъкид намуданд, ки “баъзе масъалаҳо, аз ҷумла маънавиёту маърифати мардуми мамлакат, мушкилоту камбудиҳое, ки дар ин самт ҷой доранд муайян намоем, доир ба онҳо кушоду равшан ибрози ақида намоем, хатару таҳдидҳоро мавриди қазоват қарор диҳем ва пеши роҳи онҳоро гирем, то ки ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу мазуни нав боз такрор нашаванд.”
Мусаллам аст, ки суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурмуҳтаво буда, кулли андешаҳои дар он баёнгаштаро дар доираи як мақола ифшо намудан ғайриимкон мебошад. Вале аз мазмуни суханронии Пешвои миллат чунин натиҷа бардоштан мумкин аст, ки андешарониҳои он кас дар меҳвари чанд масъалаҳои хеле мубрами маънавиёту маърифат, аз ҷумла, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона; шинохти дин ва сатҳи маърифати динӣ; ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва дар ин робита, баъзе паҳлуҳои таълиму тарбияро дар шароити бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, мавриди таҳлил қарор дода шудаанд.
Як нуктаи муҳимтарини суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки истиқлолияти сиёсии мо, дар замони муосири пурихтилофу даҳшатангез, бори дигар аз санҷиши сангини таърих мегузарад. Болотар аз ин, чун ҳарвақта Пешвои миллат зикр намуданд, ки агар мо хоҳем, ки истиқлолияти сиёсии мо бардавому устувор бошад, барои мо ноил гаштан ба истиқлолияти фикрӣ, истиқлолияти фарҳангӣ, истиқлолияти динӣ, истиқлолияти тарзи зист ва нигоҳдории ҳуввияти миллӣ мубориза барем. Дар ин робита, Пешвои миллат бо қатъият зикр намуданд, ки “сабаби асосии костагии маънавиёти ҷомеа ва шахс, пеш аз ҳама, дар он аст, ки кор бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.”
Дар бораи истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати навини тоҷикон сухан карда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки вазифаи ниҳоии мо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар ин ҷо бамаврид аст ба ёд орем, ки Сарвари сиёсии тозаинтихобнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон консепсияи сохти иҷтимоии давлатро муайян карда, таъкид намуда буданд, ки «Шахсан ман ҷонибдори бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам». Баъдан ин суханони Пешвои муаззами миллат дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардиданд. Бояд зикр кард, матни ин муқарраротро қариб ҳамагон медонанд, вале мушоҳидаҳо, таҷрибаи чандинсолаи омӯзгорӣ дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ, дар раванди корҳои тарғиботу ташфиқоти шоҳиди он мегардем, ки ба мазмуни мафҳумҳои “демократӣ”, “ҳуқуқбунёд”, “дунявӣ” ва “ягона” на ҳама сарфаҳм мераванд. Агар мо моҳияти ин мафҳумҳоро надонем, пас мо чи гуна он ҷамъияти ормонии худро бунёд менамоем. Бо назардошти чунин ҳолат бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Соли 2024 – соли маърифати ҳуқуқӣ” хеле саривақтӣ мебошад. Фақат дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба ҳаёҳуй, расмиятчигӣ, ҳуҷҷатсозӣ, худнамоишдиҳӣ роҳ надода, воқеан бо забони равони тоҷикӣ ба ҳар як шахс мазмуни давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро фаҳмонидан зарур аст.
Масъалаи дигаре, ки дар суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, сатҳи маърифати дунявӣ ва динии қишрҳои алоҳидаи ҷомеа буд. Таҷрибаи ҷомеа ва давлатсозии солҳои охир собит менамояд, ки тамоюлҳои рушди ҳаёти маънавӣ ва сулҳу суботи ҷомеа ба дину эътиқод вобаста мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки мардуми мо, ба шарофати соҳибистиқлолӣ имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд. Сарвари кишварамон дар бораи рисолати дин сухан ронда зикр намуданд, ки “Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем.” Дар ин робита, муҳтавои андешаҳои Пешвои миллат дар меҳвари нақши уламои дин дар ташаккули маънавиёт ва маърифати динии аҳоли, бахусус ҷавонон ва падидаҳои таасуб ва хурофотпарастӣ баён гаштанд. Агар гӯем, ки суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамагон, аз он ҷумла барои уламои дин, як сабақе буд, хато намекунем, зеро ҳар як сухани дар бораи дину эътиқод гуфта шуд, дар замири оятҳои Қуръони карим тафсир гашт. Шиносоӣ ва таҳлили матни суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишон медиҳад, ки он кас ба маънои томаш шахси фарҳангӣ ҳастанд.Боиси ифтихор аст, ки дар раванди зҳё ва бунёди давлати навини тоҷикон он кас на фақат ҳамчун сиёсатмадоре, ки маҷрои таърихи навини давлатро дигаргун намуда, балки ҳамчун шахси фарҳангшиносу мафкурасоз ташаккул ёфта, таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифи намуда истодаанд.
Пешвои миллат дар суханрониашон бори дигар зикр намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат додааст. Аммо ба вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус, нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфта истодааст. Дар ин росто, мисолҳо дар бораи аъмоли баъзе намояндагони дин, “пайғамбарони навбаромад”, муллоҳои ба ном “табибони тумору таштовнавис, ки худашон чӣ навиштанд намедонанд”, ахлоқу рафтор ва кирдори онҳо оварда шуданд ва зикр гардид, ки ин қабил ашхос нафақат обрӯю эътибори дини мубини исломро коста мегардонанд, балки мақоми манзалати миллати тоҷикро дар арзсаи ҷаҳон халалдор менамоянд. Охир, даъвои пайғамбари намудан, магар амали куфр нест? Куфру ҷаҳолат, бесаводӣ, таассуб аст, ки шахсро ба торикӣ, нодонию гумроҳи, хиёнат ба миллату давлат мебарад.
Суханони Пешвои миллат дар бораи таносуби мафҳумҳои “миллат” ва “мусулмон” таваҷҷуҳпазир буд. Мо бояд амиқан дарку фаҳм намоем, ки мо аввал тоҷикем ва баъд мусулмон. Агар аз лиҳози мантиқ андеша намоем, дар дунё зиёда аз 1 млрд мусулмонон мавҷуд буда, онҳо ба миллатҳои гуногун мансубанд. Ба таври дигар, мафҳуми “мусулмон” намояндагони миллатҳои гуногунро аз рӯи эътиқод ба ҳам мепайвандад. Ин нуктаро Пешвои миллат чунин иброз намуданд: “Ман аввал тоҷикам ва баъд мусулмон”.
Падидаи дигаре, ки ба маризии ҷомеа табдил ёфтааст ва Пешвои миллат дар бораи он ибрози ақида намуданд – бегонапарастӣ мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро коҳиш медиҳад. Ҳар як аъзои ҷомеа бояд фаҳмад, ки бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб ин мансуби фарҳанги мо нест. Дар ин робита ду нуктаро зикр кардан зарур аст. Аввал ин, ки ба сатру ҳиҷобпӯшии занон, хусусан ҷавондухтарон мардҳо айбдор ҳастанд. Сӯҳбатҳо бо донишҷӯдухтарон маълум менамояд, маҳз шавҳарашон онҳоро маҷбур мекунанд, сатру ҳиҷоб ба бар кунанд. Сониян, бармегардем боз ба ду қонуни миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд». Шояд дар таҳрири нави қонунҳои мазкур моддае ворид шавад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаву корхонаҳо пӯшидани сатру ҳиҷоб маҳдуд карда шавад. Баррасии ин масъаларо ба ҳуқуқшиносону мақомоти қонунбарор ҳавола менамоем.
Дин, аз он ҷумла дини мубини ислом, дар тарбияи ахлоқу маънавиёти инсон нақши муассир мебозад. Покию озодаги, парҳезгорӣ, худдори намудан аз рафтору кирдори зишт, ҳурмату эҳтиром, бовиҷдонию имон ва соир арзишҳо ифодагари моҳияти аслии дини мубини исломанд. Пас саволе ба миён меояд, ки он бадкирдориҳои мардуми мусулмон аз куҷост, сабабашон дар чист? Пешвои миллат дар суханрониашон ба ин савол ҷавоб гуфтанд. Решаи ин гуна рафтору кирдор дар таассубу хурофотпарастии мост. Чаро мо хурофотзадаем? Решаҳои хурофотпарастии мо ба ибтидоӣ паҳншавии ислом дар Осиёи Миёна вобаста мебошад. Он вақт, ки аксари мардумони ин минтақа аз лиҳози донистани алифбои арабӣ, фаҳмидани мазмуни ояту сураҳои Қуръон омӣ буданд ва ба ҳар тафсире, ки аз ҷониби ашхосе ба ном “домулло” бовар мекарданд. Ин “домуллоҳо” манфиатдор буданд, ки мардумро дар зиндони торикӣ бесаводию ҷаҳолат нигоҳ дошта, сураҳои Қуръони маҷидро интихобан қироат намуда, ба таври худ ва ба манфиати худ тафсир намоянд.
Шояд хонандае гӯяд, ки ин гапҳо кӯҳна шудаанд, чи зарурияти такрор аст? Ба фикри ман, кӯҳна нашудаанд, зеро тадқиқотҳои психологҳои хориҷӣ З.Фрейд, Э.Фромм, олимони ватанӣ профессор Маҷидова Б. собит намудаанд, ки сухани аввалине ки шахс дар бораи ин ё он ғоя, падида мешунавад, на фақат дар шуур, балки дар хотираи шахс нақш мебандад ва дар зершуури ӯ нигоҳ дошта мешавад. Бо гузашти вақт вай ҳатто ба унсури устувори психикаи инсон сухан табдил меёбад. Аз шуури инсон берун андохтани ин ҳолат бисёр душвор аст. Дар ин ҷо пеш аз ҳама инсон худ майл ба сӯи донистанҳо дошта бошад, китобхону маърифатпеша бошад, пас аз он фазои созгори иҷтимоиву фарҳанги зарур аст.
Ба шарофати рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҳаёти халқамон, яъне истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва динии худ муяссар шудем ва мардумамон бо мазҳаби аҷдодӣ, бо пирони хирад ва бузургони илму адаби гузашта ҳамаҷониба ошно гардиданд. Истиқлоли давлатӣ ба мо – миллати тамаддунсози тоҷик – имкон фароҳам овард, ки асарҳои бузургони худро бознашр ва ба мардуми кишвар дастрас намоем. Аз ҷумла, Қуръони маҷид ва якқатор китобҳои динию дунявии ниёгонамон ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд, вале мо боз ба суханони кадом як шахси муллотарош бовар мекунем. Барои чӣ? Барои он, ки мо китобхон нестем, аз пайи ҷустуҷӯйи донишу ҳикмат нестем. Бубинед, фарзандони мо дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ” ширкат варзида даҳҳо китобҳоро хонда, мазмунашонро дарк кардаанд, ҳазорҳо мисраҳои шеъру ғазалҳоро аз ёд намуда онҳоро моҳирона қироат менамоянд. Ба онҳо гӯш андохта шахс ба ваҷд меояд ва офаринҳо мегӯяд. Мо калонсолон, бошем аз паси кадом як шахси чаласаводи бекорхӯҷа рафта, суханони ӯро ҳамчун ҳақиқати мутлақи динӣ қабул ва тибқи роҳнамоии ӯ рафтор менамоем.
Хулоса, гуфтаниҳо зиёданд, вале тавре мегӯянд, шунидан кай бувад монанди дидан. Хуб мешуд, агар ҳар як шахси майл ба сӯйи маърифат, ақлу заковат, дину диёнат дошта, матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳузури фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён намуда, қалам ба даст гирифта хонад ва барои худ натиҷабардорӣ намояд.

СОЛИҶОНОВ РАСУЛҶОН,
доктори илмҳои фалсафа, профессори
кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *