ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАРО ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

Бо мақсади ташаккули тарбияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносӣ, хештаншиносии миллии ҷавонон ва тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар самти маҳкум намудани падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм санаи 11-уми майи соли равон бо иштироки директори Донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ., устодон, сарпарастони гуруҳҳои академӣ ва сардорони гуруҳҳо мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот директори Донишкада, дотсент Ҳомид Ҳошимзода суханронӣ намуда, оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат вобаста ба пурзӯр намудани тадбирҳо дар самти тарбияи ватандӯстию хештаншиносии донишҷӯён, тарғиби дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат, вобаста ба маҳкум намудани падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм андешидани чораҳои назаррас ва дар сатҳи баланду зарурӣ азхуд намудани донишҳои муосиру забономӯзии ҷавонон, андешаҳои ҷолиб иброз намуд.
Воқеан, имрӯз падидаҳои номатлуб, амсоли терроризму экстремизм зуҳуроти басо хатарафзо ва марговар буда, мутаасифона як идда афроди палиду касиф ҷавононро тавассути тарғиботи гуногун ва мағзшӯӣ ба онҳо шомил мегардонанд. Моро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда бо ин зуҳуроти манфур муборизаи беамон ва дастаҷамъона барем.
Дар мулоқот донишҷӯён ва устодони Донишкада фикру андешаи худро перомуни зуҳуроти номатлуби ҷомеа иброз намуда, онро шадидан маҳкум намуданд.
Ҳамин тариқ, мулоқот дар фазои озоду ҳусни тафоҳум баргузор гардида, бо натиҷагирӣ аз андешаву афкори баёнгардида ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *