ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ вобаста ба  амалҳои  иғовогаронаи ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо устодони кафедраи  забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  тибқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки  раҳбарияту аъзоёни ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) барои худ хулосаи заруриро набароварда, даст ба фитнаву иғвогарӣ ва аз ҳама бад ҷавонони аз асли воқеа ноогоҳро бо тамоми қувва мехоҳанд ба тарафи худ кашида бошанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки як майдони васеъ ва беканоре аст, дар аспи ҷаҳолат саворанду ба ҳар тарафе, ки хоҳанд меронанд, аммо бехабар аз он, ки онҳо радкардашудагони миллатанд ва аз онҳо миллат ва тамоми аҳли ҷомеа безор аст. Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки  имрӯз мардуми кишвар симои разилонаи ТТЭ ҲНИ-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд. Зеро аз марҳилаҳои пайдоиш то мамнӯъ шудани ин ташкилоти террористӣ ягон аъзову пайрави он барои ободонии Ватан қадре ҳам  саҳме нагузоштааст. Ба фаъолияти қаблӣ ва кунунии ТТЭ ҲНИ агар назар афканем, мушоҳида мешавад, ки афроде ба ташкилоти ифротгароён шомил шудааст, оқибат тақдири ояндааш месӯзад. Яъне ё паси панҷара мешавад ва ё бехонаву  дар ё аз зану фарзандонаш ҷудо ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл мерасонад ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр умр ба сар мебарад. Имрӯз бештари собиқ аъзоёни ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ дар Аврупо паноҳ ёфта, тибқи супориши ҳоҷагони хориҷиаш мунтазам тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар барномаи ифротӣ бо номи “Паймони миллӣ” ва “Минбари мухоҷир” ва амсоли ин баромадҳо намуда, нисбати давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар беасос норозигию иғвогарию тӯҳмат карда, тухми кинаю адоват кошта истодааст. Кабирӣ ва пайравонаш, аз қабили Муҳаммадиқболи Садриддин зимни баромади ифротиашон бо худнамоиву риёкорӣ, авомфиребию найрангбозӣ намуда, чун солҳои 90-уми асри гузашта мафкураи бархе ҷавононро ба доми фиребу найранг ва роҳҳои бад кашидан  кӯшиш доранд. Хулоса, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии кишвар талош варзанд.

         Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ варусӣ дар фарҷоми изҳороти хеш рафтору гуфтори иғовогаронаи  раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротиро шадидан маҳкум карда, то ҷон дар тан дорем намегузорем, ки фазои ороми муқаддаси ватанамон боз дубора ғуборолуд гардад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *