ТТЭ ҲНИ – МАРДУДИ ХИЁНАТКОР

Имрӯз ягона роҳ барои фаъолияти  мардуди хиёнаткор – ТТЭ ҲНИ дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки аз ин имконият муфт истифода бурда, дар хориҷи кишвар ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодаанд. Тӯдаи фейкҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоии  парса мезананду гӯё «адолат»-ро ба мардуми тоҷик мефаҳмонида бошанд. Имрӯз раҳбарияту ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ  гурезаву сарсону дарбадар, мисли гадоён, яъне хоинони миллат-  Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин, ки дар дунёи маҷозии интернет бо рафтору гуфторашон миллати тоҷикро аз номи миллати тоҷик бадном кардан кӯшиш доранд,ки ин амалашон  нобахшиданист!  Дур намеравем, ҳатто, фаъолони мухолифин низ фаъолияти М. Кабирӣ ва наздиконашро сахту ошкоро маҳкум менамоянд. Чунончи, яке аз фаъолони мухолифин Атовуллоев Д. зимни баромадҳояш иқрор шуда баён медорад, ки дасисаву фитнаҳои Кабирӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ дар Аврупо вазъияти ногувор ба вуҷуд овардааст: “Тамоми кашмакашҳо, дасисаҳои пушти парда ва хусуматҳои мутақобил пас аз омадани Кабирӣ шурӯъ шуданд! Ин шумо ҳастед, ки Аврупоро мисли Файзобод на танҳо ба чарогоҳ, балки ба оғилхона табдил додаед! ” Ҳамзамон илова мекунад: “Ман ва тарафдоронам ҳаргиз бо ин мухолифин нахоҳем буд, чунки ин роҳ ба қарни гузашта аст! ушбахтона ин ин гуна афрод ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд. Амалу андешаи нафароне мисли наҳзатиён  барои мо ҳамон босмачӣ, хоин ва миллатфурӯш аст. Ин гуруҳи мардуди хиёнаткор бар ивази чанд пайсаи хоҷагони хориҷии худ имону виҷдонашро ба боди фано супурда, пули гирифтаашро назди хоҷагонашон бо амалӣ  навбатиашон ҳисобарорӣ кунанд.

                                     

          Дар фарҷоми мақолаи хеш хулосабарорӣ намуда, боз такрор ба такрор  қайд менамоем, ки ҳама он кӯшишу заҳмат ва талоши хоину нобакор  М. Кабирӣ ва ҳамсангаронаш барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Суханҳои иғвоангезонаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро пайваста ва доимо маҳкум мекунем. Умуман  мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин мардуди хиёнаткор бовар намекунанд ва муқобили ин гуна афрод мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад.

         Д. Шарипов, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *