Озодихоҳон худ ғуломи халқабаргўшанд!

Ба ҳамагон маълум аст, ки санаи 12-феврали соли 2018 тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук  хабари таъсиси «Анҷумани озодандешони тоҷик»  нашр гардид. Дар он гуфта шудааст, ки гуруҳе аз фаъолони сиёсии  тоҷик, ки хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, чунин гуруҳро ташкил додаанд.  Бигзор ҳар рўз як анҷуман ташкил намоянд, лекин онҳо чи корро ба анҷом расонида  метавонанд?  Онҳо гумон мекунанд, ки  чунин анҳумансозӣ барояшон як самти пешравӣ бошад, аммо ба назар хандаовар менамояд.  Ин гуруҳ одамон, ки даъвои озодӣ  мекунанд оиди  кадом озодӣ ва кадом анҷуман сухан меронанд?  Ҳол он ки худашон побанди дигарон мебошанд. Ба гуфти эшон, ки гўё ба мардум озодӣ  меоранд аввал худашонро аз гуломӣ озод намоянд.  Ин турфа озодихоҳии ҳалқабаргўш барои инсони оқил бисёр кори разил ва нанговар  аст.  Ношукрӣ набояд кард.

Айб нест, ки дар канори кишваре  чун Тоҷикистони биҳиштосою гулгулшукуфон ба камол расида, имрўз  барои ду тангаи сиёҳ дар назди хоҷае  обрў ва эътибори худро фурўшӣ ва поймол намоӣ.  Ин дар таърих собит шудааст, ки ин гуна  Хочаҳо то даме, ки корашон ба анҷом мерасад,  «хуб, бале » гуфта ва рузе корашон тамом шуд ашхосеро, ки чун ғулом истифода мебаранд, нобуд месозанд.  Чӣ хеле ки дар урфият мегўянд: «Корашон афтад ғулому корам афтад хоҷааанд».

Бояд он ашхоси гумроҳе, ки ба доми ин гуна озодандешон афтодаанд, бояд донанд, ки охири қори онҳо низ фалокатовар аст.

Хочапарастон, ки худро донишманду озодихох меҳисобанд,  як бор бо ақли солими худ окибати ин рафторашонро андеша намекунанд. Зеро ҳар як амалро ҷавобе ҳаст. Вокеъан  аз андоза берун пой нагузоред. Барои ин амалхо на миллат ва на давлат  шуморо намебахшад.  Агар инсон акли солим дошта бошад бешубхо ин нуктаро хуб дарк мекунад. Ватани азизи мо замоне дар оташи чанг буд, дар чанге буд, ки бародар ба сўи бародар тир холӣ мекард. Яъне ҳеҷ кас ба наздикони хеш, аҳли хонаводаи  худ рахму  шафқат  надошт.  Он замон миллат ба як рохбари кордону окилу фарзона  ниёз дошт, ки зуд аз чунин бало рахоӣ ёбад. Хуб дар он замон ин озодихохон дар куҷо буданд ва барои миллат чи кор карданд?

Акнун  имрўз, ки мардуми  сарбаландони тоҷик хушбахтона умр ба сар мебаранду дар кишвари азизи мо сулҳу озодӣ ва ваҳдат пойдор мебошад, ин озодандешон мехоҳанд тавассути  анҷуманҳо даъвои  рохбарии миллатро кунанд.

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,

Ҳоҷати бисёр қилу қол нест!

Эй разилон, бояд донед, ки имрўз миллати тоҷик рохбари дар орзухояш парваридаро ёфт ва ниёзе ба шумо барин ғуломони халкабаргуш надорад.   Имрўз миллат ба озодии комил бидуни хузури  ин гуна чоплусон расид.  Кунун ин харфу анчуманхое, ки хамаруза тариқи шабакаҳои иҷтимои ташкил ва пахш менамоед, мардум онро чун афсонаи хазору як шаб қабул менамоянд. Ин гуна одамон замоне ба мардум  бисёр шиканчаҳо  намуда, аз он лаззат бурданд,  имруз миллат орому осуда дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, ба ҳоли «озодандешони  гумроҳгашта»,  ки мисли саг побанд ҳастанд нигариста, бо завқ механдад.

Таърих гувоҳ аст,  ки ашхоси нокасу нохалаф ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасад ва агар расида бошад ҳам он муваққатист, яъне касе, ки манфиати хешро аз манфиати халқу ҷомеа боло мегузорад, дер ё зуд ноком мегардад.  Мо итминони комил дорем, ки тири созмондиҳандагону иштирокчиёни “Анҷумани озодандешони тоҷик” низ хок хоҳад хӯрд, зеро хуб гуфтаанд:

“Ҳар ки бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

                           Зуд бошад, ки сари худ чу гирдоб хурад.”

Ассистенти кафедраи иқтисодиёти

                                            ҷаҳон Шораҷабова Ш.З.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *