ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ

Дар Тоҷикистон муаммои «экстримизми зуроварӣ» предмети ҷиддии ташвишоварӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба мо на он қадар фаҳмо аст, ки ба кадом дараҷа «экстримизми зуроварӣ» ё тероризм хавфи ҷиддӣ меоварад ё чиро ба худ «экстремизми зуроварӣ» дар асл мефаҳмонад. Як қатор масъалаҳо маълумоти аниқро мефаҳмонад ва баҳодиҳии ин муамморо ҳал мекунад.

«Экстремизми динӣ» термине мебошад, ки дар бисёр вақт мафҳуми ивазшавандаи «экстремизми зуроварӣ» мебошад, ки сухан дар бораи ана ҳамин муаммо меравад.

Ана ҳамин «экстремизми динӣ» яке аз муаммоҳои аввалин мебошад, дар Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ, идеологӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ҳамчун омилҳои калиди дида мешавад. Дар он вақте, ки муҳорибаи самаранок бо «экстримизми динӣ» дар охир, аз мақомоти ҳифзи вобаста аст. Ба сифати яке, аз чораҳо паси ҳам давлат метавонад коркарди барномаҳои дини маъориф ё аз худкунии исломро дохил кунад. Донистани ислом худ ба худ метавонад лаҳзаҳои калиди мебошад.

Имрӯз дар таҷрибаи ҳуқуқӣ байналмиллалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифродгароӣ ва терроризм ба назар намерасад. Ифродгарои ё худ экстремизм маънои истифода аз василаи образҳои номуносибу мамнӯъ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ , миллӣ , мазҳабӣ ва ғайраро дорад.

Тероризм ё худ ваҳшатафканӣ ифродгароиест, ки ба марзинаҳои худ расидааст. Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани субботу оромӣ ва ҳусни тафаҳум миёни гурӯҳҳои мухтали иҷтимоӣ ва мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Аслан калимаи «экстремизм» бо як сухан «моҷаро»-ро ифода кардааст ва экстремизмро ба маънои моҷароҷӯй низ ифода мекунанд. Агар мо сари калимаи экстримизми динӣ андеша кунем, пас равшан мегардад, ки шахсият ва гурӯҳҳои маълум мехоҳанд ба истифодаи ангезаҳои динию руҳонӣ дар ҷомеа моҷаро бардоранд. Аз ин боиси имрӯз таъбири «экстремизми динӣ» зуд-зуд вирди забони сиёсатмадоронӣ олам мешаванд. Инчунин дар ҷаҳони муосир боз як зуҳуроти нохушие мезанад, ки дар замони байналмиллалӣ терроризм меноманд.

Дар шарҳи калимаи «террор» шореҳон аксаран таъбири «зуроварӣ»-ро ба кор мебаранд. Ҳол он, ки ба дини мубини ислом моҷароҷӯй, таасубгароӣ, зӯроварӣ ва амсоли ин комилан бегона аст. Бидуни шак, имрӯз ифротгарои ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти субботу амнияти ҷаҳонист. Ин падида, инчунин бо қавм, фарҳанг ва дини мушаххасе робитае надорад.

Мулоҷонов Н.И.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *