Дифои рисолаи номзадӣ, муборак!

Дар арафаи ҷашни фархундаи соҳибистиқлолии Тоҷикистон устоди ДИС ДДТТ Азимова Зулайхо Абдумавлоновна сарбаландона рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Масъалаҳои муҳоҷирати таълимӣ дар сохтори ҷараёнҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дифоъ намуд.

Рисолаи номзадии худро дар шаҳри Душанбе дар Донишкадаи иқтисодӣ ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28-уми августи соли 2020 дифоъ намуда, дар шоҳроҳи илм қадамҳои устувори худро гузошт.

Ба муаллимаи арҷманд аз номи аҳли ҷомеаи меҳнатии ДИС ДДТТ дар фатҳи баланди қуллаҳои илму дониш барору комёбиҳо таманно менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *