Ғояҳои ватандўстиву гуманизм – омили пешгирии ифротгароӣ дар осори ниёгон

Бо ибтикори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон” ва Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Ғояҳои ватандўстиву гуманизм – омили пешгирии ифротгароӣ дар осори ниёгон” баргузор гардид.
Директори ДИС ДДТТ, доктори илмҳои иқтисод Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан конференсияи ҷумҳуриявиро ифтитоҳ намуда, баъди муаррифии меҳмонон таъкид намуд, ки ба қадри неъмате чун Истиқлолу давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафи ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Мубориза бо ифротгароӣ ва терроризму экстремизм вазифаи ҳар фарди ватандӯсти кишвар аст ва мо бояд дар ин замина ҷавонони соҳибмаърифату донишмандро тарбия намоем, то онҳо соҳиби донишу хиради воло гашта, шомили гуруҳҳои террористию экстремистӣ нагарданд.

Дар идомаи конференсия Тоҷибой Султонӣ, доктори илмҳои филология, профессор, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи назди дастгоҳи Раиси вилояти Суғд перомуни зарурияти баргузории конференсия изҳори назар намуда, зикр кард, ки дар адабиёти форсу тоҷик оид ба масъалаи ифротгароӣ, тарбияи ахлоқӣ ва худшиносию худогоҳии ҷавонон андешаҳои хеле ҷолиб баён гардидаанд. Дар осори бузургони мо тарбияи инсони комил ҷойгоҳи воло дорад ва маҳз вақте ки ҷавонон донишманду хирадманд ба воя мерасанд, бештар ба китобхонӣ машғул гашта, ҷаҳони маънавии худро ғанӣ мегардонанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва гурӯҳҳои ифротӣ нахоҳанд гашт. Дар идомаи суханронӣ Тоҷибой Султонӣ бо овардани абёти бузургони адаби форсу тоҷик ва шарҳи онҳо донишҷӯёнро ба омӯзиши илму маърифат ва пайравӣ аз иқдомҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд.
Ректори Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, н.и.ф-м., дотсент Эгамов Худойбердӣ Эгамбердиевич баргузории конференсияи мазкурро саривақтӣ дониста, оид ба нақши Вазорати маориф ва илми кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҳамкории судманди муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд дар пешгирии амалҳои номатлуби ифротгароӣ ва тарбияи шоистаи ҷавонон ибрози назар кард.
Ҳамчунин дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи ҷумҳуриявӣ маърузаи Муътабар Шарипова, доктори илмҳои филология, дотсент дар мавзӯи “Амният ва субот дар ашъори адибони форсу тоҷик” шунида шуд.
Мақсудҷон Мирбобоев, профессори кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо маърузаи пурмуҳтаво дар мавзӯи “Осори мондагори ниёгон – чароғи ҳидояти ҷавонон” баромад намуда, перомуни оини ҷавонмардӣ, тарғиби ахлоқ ва одоби шоиста дар ашъори бузургон фикру мулоҳизаҳои судманд баён дошт.

Ҳамчунин дар конференсия Азизов Назирҷон Эргашович, муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияҳои Тоҷикистон дар мавзӯи “Таъсири терроризм ба амнияти миллӣ ва суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Аҳророва Гулчеҳра Усмонҷоновна, н.и.ф., дотсент, муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонони ДИС ДДТТ дар мавзӯи “Тарғиби ахлоқи ҳамида дар осори мутафаккирони барҷаста ва педагогикаи мардумӣ” маъруза намуданд.
Мавриди зикр аст, ки конференсияи ҷумҳуриявӣ дар чор бахш: маҳкуми ифротгароиву таассуби динӣ дар таълимоти ниёгон; ғояҳои ватандўстиву ҷавонмардӣ дар адабиёти тоҷик; тарғиби ахлоқи ҳамида ва гуманизм дар осори ниёгон; тарбияи зебоипарастӣ дар адабиёти тоҷику форс идома ёфта, мақолаҳои пешниҳод гардида, дар шакли китоби алоҳида ба нашр мерасанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *