
Мо борҳо нисбати хоинони милат амиқтараш нисбати раҳбарияту ҳаммаслакони наҳзат андешаи худро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобсата ба фаъолияти муғризонаи раҳбарияту ҳамаслакони ҲНИ, ки алҳол номи ҳизбашонро “Паймони миллии…”(ПМ) номгузорӣ намудаанд, ибрози андеша менамоем.Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ин гурӯҳаки хонинони миллат дар давоми солҳои охир тавассути барномаи ифротиаш маводҳои характери зиддидавлатӣ доштаро паҳн намуда истодаанд. Воқеан, дасисакорию фитнабозиҳои аъзоёни “Паймони миллии…”, пеш аз ҳама афроди хиёнатпеша Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла Салим Султонзода дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромадҳои ифротӣ намуда, бо ин роҳ мехоҳанд субботу оромӣ ва низоми ҷомеаи моро аз байн баранд. Вобаста ба фаъолияти кунунии раҳбарияту ҳаммаслакони “Паймони миллии…” гуфта метавонем, ки онҳо имрӯз дар кишварҳои Аврупо қарор дошта, бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷаш аз минбарҳои гуногун баромад карда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолро нодида гирифта, изҳор доранд, ки гӯё дар Тоҷикистон демократия маҳв карда шудааст, мардум озодона зиндагӣ карда наметавонад. Умуман, раҳбарияту пайравони “Паймони миллии…” натанҳо дини мубини Ислом, инчунин арзишҳои муқаддас, яъне Ватану миллатро фурӯхтаанд ва ҳатто, барои маблағ шуда, мазҳаби аҷдодии худро ҳам фурӯхта, мазҳаби бегонаро қабул намудаанд. Ҳамаи мо аз кӣ будан ва чӣ мақсад доштани беватанҳоро медонем, ки онҳо имрўз низ ҳирсу худхоҳӣ ва табиату тинати ба хиёнат одат кардаашон оромашон нагузоштасту боз ҳам мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо супоришҳои хоҷагонашон барои иҷрои супориши онҳо кўшиш доранд. Хулоса, амалҳои хиёнтпешаи наҳзатиҳо ба ҳукми одат даромадааст!

Ҳадафи асосии андешаи мо ин аст, ки алалхусус, ҷавонон аз баромадҳои ифротии гуруҳаки хиёнатпеша хулосаи зарурӣ бароварда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонда, чун ворисони арзандаи миллату давлат барои имрӯзу фардои дурахшон, пешрафт ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.
Д. ШАРИПОВ ,
устоди ДИС ДДТТ