Осмони софи тоҷикро ҲНИ тира нахоҳад гардонд!

Вазъи сиёсии мамлакатҳои Исломӣ дар замони муосир хеле ноором аст, ки он бевосита ба тамоми мамлакати ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст. Равияҳо ва ҳизбҳои диниву экстримистии давлатҳои Исломӣ, давлати соҳибистиқолу дунявии тоҷикро низ ба гирдоби ҳалокатовари идеологияи динии худ кашиданианд. ҲНИ, ки дар гузашта дар сатҳи сиёсии давлатамон пурра фаъолият мекарду дорои рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетӣ буд, ки бо воситаи он дар ҷомеаи тоҷик пешбарандаи идеологияи ифротгариву иғвогарӣ, ки бар зиддӣ сиёсати оқилонаи Президенти ҷумҳуриамон равон карда шуда буд, баромад мекард.

Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ: «Танҳо дар 5 соли охир 45 нафар аъзоёни ҲНИ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд, барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барангехтани кинаю адовати динӣ, ки барои нооромии авзои сиёсӣ мусоидат менамоянд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

Иттиҳодияи ҷиноятии мусаллаҳкардашуда «… дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона намудаанд». Дар натиҷаи ин амалиёти даҳшатангез халқи тоҷик боз бо ҷанги хунин дучор шуд. Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ: «Аз маводҳои таркандаи намуди норинҷак истифода намуда, таркишҳо содир кардаанд, ки дар натиҷа 10 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида, 7 нафари дигарашон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд».

Ин амалиётҳои ғайриқонунӣ бо мақсади аз нав оғоз кардани ҷанги бародаркушӣ, сарнугун кардани давлати дунявии тоҷик, нест кардани ваҳдат ва ягонагии халқ, барпо кардани давлати Исломӣ, маҳдуд кардани озодии тоҷик буд. ҲНИ дини Исломро истифода бурда, амалиётҳои экстримистиву террористии худро баҳри ба даст овардани ҳокимият бо дини мубини Ислом пардапӯш карда, халқи тоҷикро ба ҷанги бародаркуш даъват мекарданд. Варақаҳои ҳизбӣ, ки дар амалиёти кофтуковӣ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар утоқҳои кории ҲНИ дарёфт карда шуда буданд, шаҳодати зидди давлатӣ доштани ин ҳизбро муайян кард.

Мувофиқи моддаи 4-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз ҷониби Суди Олии ҶТ фаълояти ҲНИ ҳамчун хизби экстримистиву террористӣ қатъ карда шуд. Нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаҳои интернетии ҲНИ низ манъ карда шуданд. Баъд аз ин ҳодисаҳои пурмудҳиш, ки аз ҷониби ҲНИ ба сари халқи тоҷик омад, хабари алоқа доштани Эрон бо душмани халқи тоҷик сарвари ҲНИ – Кабирӣ М.Т. ҷомеаи тоҷикро ба ҳайрат овард. Аз тарафи Эрон даъват шудани М. Кабирӣ ба конференсия таҳти мавзӯи «Ваҳдати исломӣ» ягон шакку шубҳае нест. Эрон, ки шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор мерафт, кунун чи тавр бояд шинохт? Дар ин ҳолат мақоле ба ёд меояд: «Дӯсти душмани мо, душмани мост». Дар натиҷа, дастгирии Эрон М. Кабириро муаммоҳои зиёдеро падид овард, ки ба муносибати дустонаи байни Тоҷикистону Эрон рахнае зад. Умед дорем, ки сулҳу суботи давлатамон пойдор мемонад ва ягон ҳизбу равияҳои ифротгароӣ осмони софи тоҷикро тира намегардонад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *