ХИЁНАТИ МУҲИДДИН КАБИРӢ АЁН АСТ.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба монанди терроризм, экстремизм ва ғайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили асосии мураккабшавии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Терроризм ва экстремизм аз зумраи мушкилоти тезутунди замони муосир ба шумор меравад.

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун “Вабои аср” ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ҷараёнҳои экстремистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон такя менамояд. Дар итибот ба ин бояд қайд кард, ки дар кишварамон Ҳизби ифротии назҳат бисёр ҷиноятҳоро содир намудааст. Назарсанҷиҳо миёни мардум нишон дод, ки дар давраи солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон роҳбарон ва аъзоёни собиқ ҲНИ дар пешрафт ва ободу зебогардонии кишварамон умуман саҳм нагузоштаанд. Чунки онҳо мақсади аз байн бурдани давлати ҳуқуқбунёду дунявии тоҷиконро доштанд ва мехостанд, ба таври ба худ хос, як давлати хилофатро бунёд намоянд. Наҳзатиҳо ва ҳаммаслакони онҳо дар давлати хориҷа гуреза ҳастанд ва ҳоло ҳам аз роҳи террору душманӣ барнагаштаанд. Имрӯз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рӯз аз рӯз аз моҳияти гурӯҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида истодаанд. Чунончӣ хиёнати роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ дар филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Хиёнат”, ки тариқи барномаҳои телевизонии ҷумҳурӣ ва вилоят намоиш дода шуд ва бори дигар амалҳои содиршудааш ба мардуми кишварамон аён гашт. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки аз тамошои филми мазкур мардуми осоиштаи кишвар, алалхусус мо ҷавонон хулосаи зарурӣ бароварда, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа ҳама муттаҳид шуда, намегузорем, ки хиёнаткор М.Кабирӣ имрӯз бо ҳар гуна роҳҳо тинҷиву оромии ватани азизи моро халалдор намояд.

Ибодуллоев Акмал Рустамович-

                                                                            ассистенти кафедраи

ҷомеашиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *