Тоҷикистони биҳиштосо дар тӯли 29 соли Истиқлолият ба комёбиҳои зиёди назаррас ноил гардид. Назар ба солҳои аввали Истиқлолият иқтисодиёти Тоҷикистон рушд намуда, солҳои охир вобаста ба беҳтар гардидани вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ Барномаҳои давлатӣ ба самти саноатикунонӣ кишвар равона карда шуд. Локин шахсоне ё гурӯҳи одамоне пайдо шуданд, ки хостанд тинҷию оримии кишварро халалдор кардани хостанд. Аз аввалин ҳизбҳое, ки дар саҳнаи рӯи кор омад Ҳизби наҳзати ислом мебошад. Ин ҳизб аз рӯзҳои аввал на барои сулҳу Ваҳдат ва ягонагии Тоҷикистон хизмат кард, балки ба мухолифат овард.
Аз васоити иттилотии оммавӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки яке аз саркардагони ҳизби ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз минбари мамлакатҳои хориҷӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон ва тоҷикистониён ҷанги сард эълон кардааст.
Тактикаи дустдоштаи Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизбӣ дар Точикистон манъшудаи ҲНИ хамин ҳаст, ки хама вакт аз ходисахои фочиавие, ки рух медиҳанд ва дар натиҷаашон талафоти инсони мешавад истифода намуда, ҳиссиёти инсонӣ ва мазҳабии мардумро бо мақсади худ моҳирона бедор кунанд ва истифода баранд. Аз рӯи ҳамин тактика Кабири хамин тавр дар бораи ҳодисаҳои фоҷиавии Ворух сӯҳбат карда ғайри худ ва ҲНИ ҳукумат ва дигаронро дар сар задании ин ҳодисаи фоҷиаовар гунаҳкор месозад.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ғайри ҲНИ дигар ҳизбҳои сиёсии ғайриқонунӣ, ба монанди Толибон, Бародарон ва дигарон охири садаи XX ва аввали садаи XXI ҷаҳонро ба талотум андохта, хостанд қисми зиёди мамлакатҳоро зери таассуфи худ дароранд.
Чангҳои бемаънои оғозкарждаи онҳо ба ҳалок гаштани ҳазорҳо нафар гардида, мамлакатро ба харобазор табдил доданд. Ба ин мамлакатҳои Ироқ, Сирия, Афғонистон мисол шуда метавонанд.
Гурӯҳҳои ифротгар ҳатто вируси COVID-19-ро, ки ҳамарӯза ҷони садҳо ва ҳазорҳо нафарро рабуда истодааст, садди роҳи онҳо нагардид. Давоми як ҳафта 2 маротиба таркише, ки аз тарафи гуҳӯҳи Игил ва Толибон дар Афғонистон ошкор гардид, нафрати ҷаҳониёнро нисбати ин гуна гурӯҳҳо боз ҳам зиёд намуд.
Дар охирсухан қайд кардан мехоҳам, ки мо омӯзгорон ва аҳли зиё корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон ҷоннок намуда, кӯшиш намоем, то ҷавонон ақлу заковати солими худро дуруст истифода намуда, ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил нагардаднд.
Абдурашидова М.А.-
ассистенти кафедраи молия ва қарз