Имрӯз тамоми ҷомеаи муосирро мушкилие ба мисли падидаи экстремизм, терроризм ва фундаментализм фаро гирифтааст, ки ба муаммои глобалӣ табдил ёфтааст. Хусусан воқеаҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки хусусан терроризм ҳудуд ё мазҳабу миллат надорад.
Аксари ташкилотҳои эктремистӣ барои ба хадафҳои сиёсии худ расидан ба эътиқоди динии одамон такя карда, онҳоро бовар кунониданӣ мешаванд, ки гӯё сиёсати давлатдорӣ муқобили ақидаи динии онҳост.
Терорризм ҳамчун падидаи муракаби иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҷиноӣ аз зиддиятҳои дохилӣ ва берунаи рушди иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Экстремизм дар маҷмӯъ хатари воқеӣ ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои кишвари мо ба ҳисоб меравад. Экстремизм ва терроризм решаҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ доранд, яъне ин паст будани сатҳи дониши динӣ ва дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, норозигӣ аз вазъи воқеиии иҷтимоӣ, паст будани сатҳи тарбия дар оила ва ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, хусумати шахсӣ нисбати роҳбарон ва шахсони алоҳида, дар сатҳи паст мавҷуд будани фарҳанги иттилоотӣ ва ғайра.
Бояд қайд намуд, ки падидаи экстремизм нафақат дар дини ислом, балки дар дигар динҳо низ дида мешавад. Зеро дар оинҳои динӣ таъсири дарки масъулият дар шакли амрҳои динӣ ҳис карда мешавад. Бинобар ин, эктремизми динӣ дар давраҳои гуногуни таърихи инсоният, дар давлатҳои гуногун, дар доираи мазҳабҳои гуногун арзи ҳастӣ намудааст. Экстремизми муосир мақсад дорад сарҳади байни давлатҳои исломиро шиканад, онро ба давлати ягонаи динӣ табдил диҳад. Имрӯз ин мақсад дар фаъолияти Давлати исломии Ироқу Шом, ки мехоҳад дар тамоми Шарқи Миёна, яъне Ироқу Сурия, Либия, Яман ва ҳатто Афғонистону давлатҳои мусулмонии Осиёи Миёна ҳукмрон бошад, ҳис карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар шуури ҷавонон бедор кардани ҳисси дунёбезорӣ, ҳиссиёти пессимистӣ, бартарият доштани ҳаёти пас аз марг, ки баъзан дар маъвизаҳои доммулоҳои мо мушоҳида мешавад,ҷавононро ба ҳаётбезорӣ ва руҳафтодагӣ тела медиҳад. Чунин ҷавонон, ки иродаашон хароб гардидааст, тез ба доми онҳое меафтанд, ки қурбон шудан дар роҳи динро аз ҳама чиз авло медонанд.
Воқеаҳои хунине, ки дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ба вукўъ пайваста буданд, бо дасти хориҷиён ба ин гирдоб фаро гирифтани ҷавонони ноогоҳ ва сустирода буд.
Мақсади ҳама амалҳои террористӣ бештар барои ба даст овардани ҳокимият равона карда шудааст, аммо ташкилкунандагони он худро амалан зоҳир намекунанд ва бо дасти дигарон асосан аз шахсони аз ҷиҳати маърифат пастбуда истифода мебаранд, аммо ин амалҳо мардуми осоиштаро ба таҳлука андохта боварии онҳоро нисбати ҳокимият аз байн мебарад. Худи террористон ба дараҷае омода шудаанд, ки бе ягон дудилагӣ худро метарконанд ва гӯё бо ин амалашон дар охират онҳо ба биҳишт мерафта бошанд. Имрӯз ин омили номатлуб ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ишора карданд, ки терроризм дину мазҳаб надорад ва яке аз хатарҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафтааст, ки амнияти ҷаҳонро халалдор месозад. Дар Паёми имсола самтҳои ислоҳи вазъи сиёсии ҷаҳон ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм хеле равшан баён шудаанд, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд:
– таҳким додани асосҳои ҳуқуқии мубоираза бо терроризм ва экстремизм;
– роҳандозӣ намудани тафтиши байналмиллалии зуҳуроти терроризм;
– мавриди муҳокимаи Суди байналмиллалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигар ашхоси ба терроризм мусоидаткунанда ва ғайра
Ифротгароӣ низ ба маънои тундравӣ, моҷароҷӯӣ ва зӯроварӣ фаҳмида мешавад, ки бо мафҳуми терроризм ҳаммаъно аст. Ифротгароӣ дар ҷараёни пайдоиш ва паҳншавии динҳои ҷаҳонӣ ба монанди буддоия, масеҳӣ ва ислом, ки дар онҳо ақидаҳои гуногуни динию мазҳабӣ, иҷтимоию сиёсӣ арзи вуҷуд карда буданд, ба миён омадааст.
Дар замони муосир терроризм аксари давлатҳои ҷаҳонро ба доми худ кашидааст. Воқеаҳое ки дар давлатҳои Фаронсаву Туркия, Россия, давлатҳои араб, Афғонистон ва ҳатто Эрон ба амал омаданд, аз ин далолат медиҳанд. Хушбахтона, сулҳу субот бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дар Тоҷикистон ҳукмфармост, аммо фаромӯш набояд сохт, ки нооромии минтақа ба ҳамсоякишварҳо ҳам халал расониданаш мумкин аст. Бинобар ин, пайвастани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро ва заҳролудшавии афкору андешаи онҳо хатари ҷиддист. Ин аз мардуми бомаърифати ҷомеа тақозо менамояд, ки ҳисси баланди миллию масъулияти ватандориро боз ҳам пурзӯр намоянд. Дар навбати худ ҳар як сокини кишвар барои сулҳу суббот ва оромии ватан вазифадор аст.
Бобоев С.С.
мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ
ОРОМИЮ СУБОТИ КИШВАР АЗ ХУДИ МО ВОБАСТА АСТ
ва русии ДИС ДДТТ, н.и.ф., дотсент