Ҳар кӣ бо душмании халқ равон асту чу баҳр… (Мулоҳизаҳо оиди таъсиси анҷумани озодандешони тоҷик)

Аз таъсисёбии гурӯҳ мо устодон  ба тааҷуб омада  гумони онем, ки ин гурӯҳ ба воҳима кардан ва ҳангома сохтан  ва ҳамин тариқ дар сатҳи доираҳои норизои  мамолики рӯ ба тараққӣ маҳбубият касб кардан мебошаду бас. Зеро агар дар Тоҷикистони имрӯза саркӯбии  озодии баён мушоҳида мешуд, имрӯз ҳафтаномаҳои “Фараш”, “Самак”, “Миллат”, “Озодагон” ва амсоли онҳо ба интишори маводи таҳлилӣ ва танқидӣ машғул шуда наметавонистанд. Дар Тоҷикистони ирӯза озодона  созмону азҳзобҳои сиёсиву ҷамъиятӣ озодона  фаъолият мебаранд. Лек агар манзури ин гурӯҳи “Озодандешон” фаъолияти ташкилотҳои тунддаро ва иғвоангези (гурӯҳ 24) “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Салафия” ва ҲНИТ бошад пас ба ҳамагон маълум аст, ки мақсаду мароми тарафдорони онҳо чӣ буд. Дар ин миёна “Озодандешон”-и хоин Саидюнуси Истаравшанӣ,Алим Шерзамонов,Равшан ТемуриёнХаким Рабинпур ва Аюб Эгамов  ҷои махсусеро ишғол мекунанд. Ин ашхос аз номи дини ислом , “Ҳақиқатҳои исломӣ” ва аз номи ахли зиё чунон даъвоҳое пеш мегузорад, ки касро ба ҳайрат мегузорад. Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеъи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки худаш тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накӯкирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошанд. Бинобар ин вақте ки дар бораи озодии баён озодандешӣ фаъолиятҳои озодӣ сиёсӣ сухан меравад, на  сарсарӣ балки онро дар маҳдудҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ баррасӣ кард, на ҳангома сохт.
Таъсисдодагони ин гурӯҳ дар он ақидаанд, ки дар кишвари мо бадбинӣ, хушунат, саркӯбӣ ҳукмфармост. Ин суханҳои бедалели онҳо танҳо ба номи Ҷумҳурии Тоҷикистон иснот овардан ва давлати миллӣ, таҳқири давлат  ва шахсиятҳои дараҷаи аввали Ҳукумат асту бас. Ин аст “Озодандеши”-и онҳо.
Боиси нигаронӣ аст, ки баъзе мамолики Ғарб ба ҷонибдорони ин гуна гурӯҳҳо гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе махфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Аслан ба фикри мо созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар худи Ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида гиранд, таҳлили фасеҳ намоянд, аммо мутаасифона ин тавр нест. Ихтилофангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзала аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад.
Дар фарҷоми сухан ба созандагони ин “Анҷуман” аз Сайидои Насафӣ гуфтанием:
                      Ҳар кӣ бо душмании халқ равон асту чу баҳр,
                      Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…

                                              Аҳли ҷомеаи факултаи молия ва
баҳисобгирии  бухгалтерии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *